Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири афғонро аз мақомаш барканор карданд


Порлумони Афғонистон имрӯз Ғулом Муҷтабо Патанг, вазири умури дохилии ин кишварро аз мақомаш барканор кард. Вакилон гуфтаанд, ки дар давраи Ғулом Муҷтабо Патанг ноамнӣ дар Афғонистон ва дуздиву фасод дар дохили вазорат бештар шудааст. Абдулрауф Иброҳимӣ, раиси порлумони Афғонистон, гуфт, аз ҳисоби 250 вакили палатаи поёнии порлумон 136 нафар ба тарафдории барканории вазир аз мақомаш раъй додаанд. Порлумони Афғонистон аз раиси ин ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай хостааст, номзади дигареро ба мақоми вазири умури дохилӣ пешбарӣ кунад. Аммо ҳоло маълум нест, ки Ҳомиди Карзай қарори порлумонро тасвиб хоҳад кард, ё на.
XS
SM
MD
LG