Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири Ҷумҳурии Белорус ба Брюссел сафар кард


Интизор меравад, ки имрӯз Уладзимир Макей, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Белорус ба қароргоҳи Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Брюссел сафар кунад. Ин нахустин сафари як мақоми баландпояи Ҷумҳурии Белорус ба Брюссел баъд аз соли 2010-ум аст. Дар он сол баъди интихоботи баҳсбарангези раёсати ҷумҳурӣ ва саркӯбии мухолифони давлат дар Белорус, Иттиҳодияи Аврупо алайҳи ин кишвар таҳрим эъмол кард ва Уладзимир Макей: мушовири собиқи Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус аз ҳаққи сафар ба Аврупо маҳрум шуд. Аммо чанде пеш манъи сафари мақомоти Белорус ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупоро лағв карданд. Уладзимир Макей бо даъвати мақомоти баландпояи Иттиҳодияи Аврупо аз ҷумла Кетрин Эштон масъули умури равобити хориҷии иттиҳодия ва барои ширкат дар нишасти ҳамкориҳои кишварҳои шарқии Аврупо ба Брюссел сафар кардааст.
XS
SM
MD
LG