Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қимати орд дар Тоҷикистон поин меравад


Бино ба пешбинии мутахассисон, мумкин аст, қимати гандум ва орд дар Тоҷикистон дар моҳҳои оянда андаке поён равад ва ё собит бимонад. Бино ба гузориши тозаи FewsNet, (Шабакаи ҳушдор аз эҳтимоли қаҳтӣ), ба шарофати ҷамъоварии ҳосили ғалладона дар Тоҷикистон ва ҳам шароити мусоиди парвариши гандум дар Қазоқистон, мумкин аст, қимати орду ғалладона дар кишвар поинтар равад. Қарор аст, имсол Тоҷикистон тақрибан 295 ҳазор тонна ҳосили гандум бигирад, ки 20 ҳазор тонна бештар аз соли гузашта аст. Поинтар омадани қимати орд дар Тоҷикистон ҳанӯз аз моҳи июн ба мушоҳида мерасад. Масалан қимати як халта орди тавлиди Қазоқистон моҳи май 149 сомониро ташкил медод, вале дар моҳи июн ҳамин навъи орд ба 138 сомонӣ расид. Танҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа, қимати гандум моҳи май 11 дар сад арзон шудааст ва истеҳсоли биринҷи дохилӣ ва фурӯши он дар бозорҳои мухталифи кишвар қимати онро то 8 дар сад поин бурдааст. FewsNet мегӯяд, пешбинӣ мешавад, ки тавлиди ғалладона дар Покистон ҳам 12,5 дар сад бияфзояд, ки ин ҳам дар навбати худ ба фурӯши бештари орду ғалладона дар тамоми минтақа мусоидат мекунад.
XS
SM
MD
LG