Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷангҳои Сурия даҳҳо нафар кушта шуданд


Бо авҷ гирифтани даргириҳо дар Сурия даҳҳо нафари дигар дар ин кишвар кушта шудаанд. Маркази Нозири Ҳуқуқи Башар дар Сурия, як созмони тарафдори шӯришиён, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, дар ҳамлаи ногаҳоние ба шӯришиён дар шаҳри Адра воқеъ дар ҳошияи шаҳри Димишқ 49 нафар кушта шудаанд. Расонаҳои давлатии Сурия гуфтанд, ки дар ин шаҳр аъзои Ҷабҳаи Ал-Нусра, як созмони ифротгарои исломиро ҳадаф гирифтаанд. Дар ҷойи дигар дар шаҳри Риҳо, ки бахши аъзамаш дар тасарруфи шӯришиён аст, бар асари ҳамлаи нерӯҳои ҳукуматӣ 20 нафар ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG