Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманаӣ: "Ба музокира бо Амрико хушбин нестам"


Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон мегӯяд, ҳамеша ба таомул бо дунё муътақид буда ва ҳаст, аммо ба музокира бо Амрико «хушбин нест».

Бар гузориши хабаргузориҳои Эрон, оқои Хоманаӣ рӯзи якшанбе дар суханоне хитоб ба ҷамъе аз масъулони Ҷумҳурии исломӣ гуфтааст, ки агарчӣ дар солҳои гузашта дар масоили хосе монанди вазъияти Ироқ, "музокира бо Амрикоро манъ накард, аммо амрикоиҳо ғайри қобили эътимод, ғайри мантиқӣ ва ғайри содиқ ҳастанд ва набояд дар таъомул бо дунё, амалкарди душманонро аз ёд буд."

Оятуллоҳ Хоманӣ ҳамчунин гуфтааст, ки мавзеъгирии масъулони амрикоӣ дар ҳамин чанд моҳи гузашта, бори дигар «зарурати хушбин набудан ба онҳоро таъкид кард.»

Дар пайи интихоби Ҳасан Рӯҳонӣ ба раёсати ҷумҳури Эрон, Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико борҳо таъкид кардааст, ки дарҳои гуфтугӯ бо Эрон ҳамчунон боз аст ва шумори зиёде аз намояндагони Конгресс низ аз давлати Обама хостаанд аз ин фурсат барои музокира бо Эрон истифода кунад.

Рӯзи ҷумъаи 19-уми июл 130 намояндаи Маҷлиси Намояндагони Амрико дар иқдоми бесобиқае дар номае ба Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико аз вай хостанд бо таваҷҷуҳ ба интихоби Ҳасан Рӯҳонӣ ба унвони раиси ҷумҳури Эрон, барои ҳали ихтилофоти мавҷуд байни ду кишвар бо вай вориди музокира шавад.

Дар ҳамин замина рӯзномаи Вошингтон Пост низ гузориш додааст, ки Конгресси Амрико ирсоли тарҳи нави таҳримҳои Эрон ба Кохи Сафедро ба таъхир андохтааст. Тибқи ин гузориш, маъмулан Конгресс ҳар тобистон лоиҳае барои бештар кардани таҳримҳо алайҳи Эрон ба Кохи Сафед мефиристод, сарфи назар аз ин, ки Кохи Сафед бо чунин таҳримҳое мувофиқ ё мухолиф бошад.
XS
SM
MD
LG