Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҷопон палатаи болои парлумонро интихоб карданд


Шиндзо Абэ
Шиндзо Абэ
Дар Ҷопон интихобот ба палатаи болоии парлумон баргузор гардид. Ҳар се сол нисфи палатаи болоии парлумони Ҷопон, ки аз 242 вакил иборат аст, нав мешавад. Барои 212 курсии парлумон 433 довталаб талош карданд. Бар пояи хабарҳо, имсол, назар ба ҳамин гуна интихоботи се соли пеш, теъдоди камтари раъдиҳандагон пойи қуттиҳои овоздиҳӣ омаданд.

Таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки дар ин маърака ҳизби либерал-демократӣ пирӯз шудааст. Дар ин сурат ин ҳизб бори аввал дар шаш соли ахир назорати ҳарду палатаи парлумонро дар ихтиёр хоҳад дошт. Раёсати ҳизби либерал-демократӣ бар дӯши Шиндзо Абэ, нахуствазири феълии Ҷопон аст. Назорат аз болои ҳарду палатаи парлумон роҳи ӯро барои амалӣ сохтани ислоҳоти ногузир – берун кардани кишвар аз стагнатсия ё рукди иқтисодии бист соли ахир, ҳамвор мекунад.
XS
SM
MD
LG