Пайвандҳои дастрасӣ

Шоҳ Албероти 2 расман тахти шоҳаншоҳиро дар ихтиёри писараш шоҳзода Филипп гузошт.

Маросими имзои санади тарки тахти шоҳаншоҳӣ аз сӯи Алберти 2 дар Кохи шоҳ дар Брюссел баргузор шуд. Акнун Филипп ба ҳайси шоҳи нави Белгия савганд ёд мекунад.

Филиппи 53-сола ҳафтумин шоҳ дар таърихи 183-солаи кишвар хоҳад шуд. Ӯ дар донишгоҳҳои Оксфорд ва Стэнфорд таҳсил карда, ба ҳайси халабони ҳавопаймоҳи ҷангӣ ҳам таълим гирифтааст.

Дар бораи тасмими тарки тахти шоҳаншоҳӣ Алберти 2 рӯзи шанбе хабар дод ва гуфт, ки барои ба таври шоиста идома додани ваколатҳои худ хело пир шудааст, аз ин рӯ мехоҳад писараш ба маснад менишинад. Алберти 2 тайи бист соли ахир дар садри Белгия буд. Ӯ дар охирин суханронии худ ба ҳайси шоҳи Белгия гуфт, ки бояд ваҳдати мардуми Белгия боқӣ бимонад ва кишвар бояд дар канори Иттиҳодияи Аврупо ба ҳалли мушкилоти иқтисодияш муваффақ шавад. Ба иддаои ӯ, Белгия дар таъмини кафолатҳои мухторият ба минтақаҳову гурӯҳҳои қавмӣ комёб буд.

Равобит миёни ҳизбҳои сиёсие, ки аз гурӯҳҳои қавмии фламандҳо ва валлониҳо намояндагӣ мекунад, солҳои ахир тезутунд буд ва тайи якуним сол - то моҳи декабри соли 2011, Белгияро ҳукумати муваққат идора мекард.

Шоҳҳои Белгия гоҳҳо нақши сиёсӣ ҳам мебозанд ва, масалан, нахуствазирро таъин мекунанд ё бо сиёсатмадорон барои таъсиси ҳукумати эътилофӣ баъд аз интихобот мулоқот мекунанд.

Аз ин пеш моҳи апел дар Ҳуланди ҳамсоя малика Беатрикс тахти шоҳаншоҳиро дар ихтиёри писараш Виллем-Александр гузошта буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG