Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати як тоҷики 27-сола дар боғи миллии Маскав


Рӯзи шанбе дар боғи миллии “Лосиний остров”-и шаҳри Маскав ҷасади як шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистонро пайдо кардаанд. Пулиси пойтахти Русия исми ин тоҷикро эълон накардааст, вале мегӯяд, дар бадани ӯ чандин захми корд буд. Дар иртикоби ин қазия бо иттиҳоми “куштор” парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.
Ҳамасол аз 1 то 1,5 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд. Вазорати умури дохилаи Тоҷикисон ахиран хабар дод, ки дар нимаи аввали сол аз Русия аҷсоди 458 нафарро ба Тоҷикистон овардаанд. Аз ин шумор 104 нафар дар ҳодисаҳои нохуш, 13 нафар бар асари худкушӣ ҷон бохта, 41 нафарро ҷабран куштаанд.
XS
SM
MD
LG