Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳзода Филипп ба тахти шоҳаншоҳии Белгия менишинад


Шоҳ Алберти 2 ва малика Паола
Шоҳ Алберти 2 ва малика Паола
Шоҳзода Филипп рӯзи якшанбе ба ҳайси шоҳи нави Белгия савганд ёд мекунад. Филиппи 53-сола ҳафтумин шоҳ дар таърихи 183-солаи кишвар хоҳад шуд.

Рӯзи шанбе шоҳ Алберти 2 дар бораи тарки тахти шоҳаншоҳӣ хабар дод ва гуфт, ки барои ба таври шоиста идома додани ваколатҳои худ хело пир шудааст, аз ин рӯ писараш ба маснад менишинад. Алберти 2 тайи бист соли ахир дар садри Белгия буд. Ӯ дар охирин суханронии худ ба ҳайси шоҳи Белгия гуфт, ки бояд ваҳдати мардуми Белгия боқӣ бимонад ва кишвар дар канори Иттиҳодияи Аврупо ба ҳалли мушкилоти иқтисодияш муваффақ шавад. Ба иддаои ӯ, Белгия дар таъмини кафолатҳои мухторият ба минтақаҳову гурӯҳҳои қавмӣ комёб буд.

Равобит миёни ҳизбҳои сиёсие, ки аз гурӯҳҳои қавмии фламандҳо ва валлониҳо намояндагӣ мекунад, солҳои ахир тезутунд буд ва тайи якуним сол - то моҳи декабри соли 2011, Белгияро ҳукумати муваққат идора мекард.

Шоҳҳои Белгия гоҳҳо нақши сиёсӣ ҳам мебозанд ва, масалан, нахуствазирро таъин мекунанд ё бо сиёсатмадорон барои таъсиси ҳукумати эътилофӣ баъд аз интихобот мулоқот мекунанд.
XS
SM
MD
LG