Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар силсилатаркишҳои Бағдод 26 кас ҷон бохтааст


Мақомоти Бағдод хабар доданд, ки бар асари силсилатаркишҳои рӯзи шанбе дар ин шаҳр дасти кам 26 нафар ба ҳалокат расиданд. Тақрибан 90 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтаанд. Мошинҳои ҳомили маводи мунфиҷира дар минтақаҳои тиҷоратӣ шомгоҳон, баъд аз ифтор тарконида шудаанд. Масъулияти ҳамлаҳоро ҳанӯз гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.

Тайи се ҳафтаи ахир бар асари ҳамлаҳои интиҳориву таркишҳо дар Ироқ беш аз 480 нафар ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG