Пайвандҳои дастрасӣ

Интизор меравад, рӯзи 21 июл як кумитаи иборат аз 10 ҳуқуқдон ба ислоҳи Қонуни асосии Миср шурӯъ кунад.

Қонуни асосии кунунии Миср дар пайи дар таърихи 3 июл аз сӯи низомиҳо барканор шудани Муҳаммад Мурсӣ аз мақоми раёсати ин ҷумҳурӣ мутаваққиф шудааст. Кумитае, ки раисиҷумҳури муваққат Адлӣ Мансур ташкил дод, 4 профессори донишгоҳӣ ва 6 қозиро дар бар мегирад. Ин кумита бояд дар зарфи 30 рӯз тағйироти пешниҳодӣ ба Қонуни асосиро таҳия кунад. Ин пешниҳодҳо сипас ба як ниҳоди иборат аз 50 нафар, ки бояд аз гурӯҳҳои мухталифи ҷомиаи Миср намояндагӣ кунанд, ироа хоҳад шуд.

Тибқи нақша, ин ниҳод дар зарфи 60 рӯз пешнависи ниҳоии тарҳи Қонуни асосиро омода мекунад ва ин тарҳи ниҳоӣ дар маърази райъпурсии саросарӣ гузошта хоҳад шуд.

Қонуни асосии зиддунақизе, ки то 3 июл амал мекард, дар чунин як райъпурсии саросарӣ дар моҳи декабри соли 2012 аз сӯи 64 дарсад пазируфта шуда буд. Аммо дар он райъпурсӣ ҳамагӣ 33 дарсади мардуми соҳиби ҳаққи раъй ширкат дошт ва мунтақидон бо таъкид ба ин нукта иддао мекарданд, ки ин санад машрӯъияти комил надорад.

Таҳияи он Қонуни асосӣ ба интиқодҳо аз тарафи фаъолони ислоҳталаб ва дунявигарое рӯбарӯ буд, ки мегуфтанд, дар раванди таҳияи Қонуни асосӣ нақши асосиро Ихвонулмуслимин, бузургтарин ташаккули исломгарои Миср ва пуштибони асосии давлати Мурсӣ, бозӣ мекунад ва ин раванд назари ҷонибҳову гурӯҳҳои дигарро сарфи назар кардааст.


Ҳозим Библавӣ

Ҳозим Библавӣ

Сарвазири муваққати Миср Ҳозим Библавӣ рӯзи шанбе бо даъват ба хати хушунатҳои барои кишвар харобиовар гуфт, амният дар Миср бояд барқарор карда шавад. Библавӣ вазъи кунунии Мисрро ба ҳолати ҷанг тамсил дод, ки кишвар бо мушкилоти сиёсиву амниятӣ ва иқтисодӣ дастбагиребон шудааст.

Ӯ дар мусоҳиба бо телевизиони давлатӣ гуфт: "Мо дар як ҳолати монад ба ҷанг қарор дорем. На як ҷанге ки касе дар садади ҳамла ба ман бошаду ман бояд аз худ дифоъ кунам. Та, ин ҷанг ба хотири хатми хунрезӣ, эҳёи иқтисод ва барқарории амният дар кӯчаву хиёбонҳост.” Ҳозим Библавӣ гуфт, тартибот бояд ба хотири дубора ба кор даровардани иқтисоди Миср барқарор шавад.

Аз замони суқути режими тӯлонии Ҳуснӣ Муборак дар моҳи феврали соли 2011, иқтисоди Миср башиддат суқут кардаааст, ки асароташ бахусус дар бахшҳои туризм ва сармоягузории хориҷӣ маҳсус аст.

Дар ҳафтаҳои охир даргириҳои пайваста байни нирӯҳои амниятӣ ва эътирозгарони тарафдори Мурсӣ даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷо гузошт.


Идомаи эътирозҳои тарафдорони Мурсӣ

Идомаи эътирозҳои тарафдорони Мурсӣ

Ихвонулмулимин ҳар навъ музокирот ё пайвастан ба ҳукумати муваққатро радд карда, ҳамчунон талаб дорад, ки Мурсиро дар мақомаш барқарор кунанд.
Мақомоти низомии Миср бо ҳадафи саркӯб кардани Ихвонулмуслимин ва раҳбаронаш иқдомҳое анҷом додаанд, вале ин иқдомот то кунун натавонистааст, ки монеъи идомаи эътирозҳои ҳамарӯзаи тарафдорони Ихвонулмуслимин дар Қоҳира шавад.

Дар ҳамин ҳол, ҳамчун як аломати ҳимоят аз давлати муваққати Миср, малики Урдун Абдуллоҳ рӯзи 20 июл аз Қоҳира боздид кард. Ӯ нахустин раҳбари ҷаҳони Араб аст, ки дар пайи суқути давлати Мурсӣ аз Миср боздид мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG