Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Инфиҷори беқурбонӣ дар фурудгоҳи Пекин


Рӯзи шанбе дар фурудгоҳи байнулмилалии Пекин инфиҷор рӯй дод. Ба иттилои расонаҳои Чин, дар яке аз терминалҳо марди савори аробачаи маъюбӣ бомби худсохтро инфиҷор кард. Ба ғайр аз худи ӯ ба касе осеб нарасидааст. Маҷрӯҳ ба бемористон интиқол ёфт. Парвози ҳавопаймоҳо мутваққиф нашудааст.

Гуфта мешавад, ки ҳуввияти ин сокини вилояти шимолу шарқии Шандун аллакай шиносоӣ шудааст. Ангезаҳои амали ӯ то ҳол маълум нестанд.
XS
SM
MD
LG