Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Алайҳи ҷонибдорони "харобкор"-и Навалний парванда боз шуд


Вазорати умури дохилии Русия дар баробари афроде, ки рӯзи панҷшанбе, дар ҳамоиши ҷонибдорони блогнавис ва муқаққиди Кремл Алексей Навалний, дар деворҳои бинои Думаи давлатӣ навиштаҷоту варақаҳои таҳқиромез насб карданд, аз рӯи банди “харобкорӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Алексей Навалний субҳи рӯзи шанбе аз Киров ба Маскав омад. Дар истгоҳи роҳи оҳан ӯро ҷонибдоронаш ва хабарнигорон истиқбол намуданд. Алексей Навалний аз мардум барои пуштибонӣ арзи сипос кард ва гуфт, ки барои пирӯзӣ дар интихоботи мири Маскав ҳама талошашро ба харҷ хоҳад дод.

Рӯзи ҷумъа Алексей Навалний ва Пётр Офитсеров, ки як рӯз пеш аз рӯи парвандаи “Кировлес” мутаносибан ба панҷ ва чаҳор соли маҳбас маҳкум шуда буданд, бо қарори додгоҳи вилояти Киров то рӯзи қонунӣ шудани ҳукм раҳо карда шуданд.
XS
SM
MD
LG