Пайвандҳои дастрасӣ

Дар канори Порис мусалмонҳо бо полис даргир шуданд


Эътирозгарони мусалмон дар як шаҳри канори Порис ба нишони эътироз алайҳи боздошти марди бо корманди полис вориди моҷарошуда сӯи идораи полис санг ва шишаҳо бо маводи сӯзанда андохтанд. Шоми ҷумъа садҳо нафар дар назди раёсати полиси шаҳри Траппе, воқеъ дар 30 километрии Порис, ҷамъ омаданд.
Эътирозгарон як гаражи автобусҳоро хароб карда, сандуқҳои ахлотро оташ заданд. Дар бархӯрд ҳадди аққал ду корманди полис ва як наврас маҷрӯҳ шуданд. Шаш нафар боздошт гардид.

Шоми панҷшанбе як корманди полис шоми панҷшанбе занеро барои пӯшидани ҳиҷоб дар ҷойи ҷамъиятӣ, яъне нақзи қонуни соли 2011 қабулшуда, мехост ҷарима кунад. Шавҳари ин зан ба полис, ки варақаи ҷаримаро пур мекард, ҳамла намуд ва бо иттиҳоми муқовимат ба ҳомии тартибот боздошт шуд.
XS
SM
MD
LG