Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини Мурсӣ дар майдони Таҳрири Қоҳира ҷамъ шуданд


Субҳи рӯзи шанбе дар майдони Таҳрири Қоҳира ҳазорон тан аз мухолифини раисиҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Мурсӣ ҷамъ омаданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, чархболҳои низомӣ аз болои майдон парвоз карда ба нишони ҳамрайъӣ ба болои ҷамъомадагон парчамҳои миллии Мисрро партофтанд.

Як рӯз пеш дар шаҳри Ал-Мансураи Миср бар асари бархӯрди миёни ҷонибдорон ва мухолифони Мурсӣ се нафар – ду зан ва як кӯдак ба ҳалокат расиданд. Ҳашт тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Рӯзи ҷумъа дар чанд шаҳри Миср намоишҳои сериздиҳом бо талаби бозгардони қудрат ба раҳбари пешин баргузор шуданд.

Муҳаммад Мурсӣ, ки рӯзи 3 июл аз сӯи низомиён аз мақом барканор шуд, то ҳол дар ҳабс аст. Аммо маълум нест, ки низомиён ӯро дар куҷо нигаҳ медоранд.

Рӯзҳои ахир чанд тан аз раҳбарони ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин”, ки аз Мурсӣ пуштибонӣ мекарданд, боздошт шуданд. Навӣ Пиллай, раҳбари идораи ҳуқуқи башари СММ, аз раҳбарони нави Миср даъват кард, ки далелҳои ҳабси онҳоро пешниҳод кунанд.
XS
SM
MD
LG