Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин корхонаи коркарди нафт дар Тоҷикистон фаъол шуд


Рӯзи 20-уми июл дар ноҳияи Шаҳринав корхонаи нави коркарди нафт ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз он, ба кор оғоз кард, ки дар маросими ифтитоҳи он Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ширкат дошт. Корхонаи муштараки “Капитал” дар якҷоягӣ бо соҳибкорони рус аз шаҳри Томск бо маблағи 70 миллион сомонӣ дар масоҳати 10 гектар замини бекорхобида бунёд ёфтааст ва дар ҳоли ҳозир иқтидори коркарди 100 ҳазор тонна нафти хом дар як солро дорад. Интизор меравад, ки иқтидори ин корхона дар ояндаи наздик ба 300 ҳазор тонна дар як сол ва шумораи коргарони он ба 300 нафар расонида шавад. Ҳамакнун дар ин корхона 111 нафар мутахассисон ба кор ҷалб шудаанд, ки аксарияти онҳо коргарони маҳаллӣ мебошанд.
XS
SM
MD
LG