Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифон бо Навалний рӯзи эътирозҳоро ҳамоҳанг мекунанд


Эътирозҳои Маскав ба ҷонибдорӣ аз Навалний

Эътирозҳои Маскав ба ҷонибдорӣ аз Навалний

Мухолифон мехоҳанд рӯзи эътирозҳои набатиро бо Алексей Навалний ҳамоҳанг созанд. Навалний субҳи рӯзи шанбе аз Киров вориди Маскав мешавад. Дар ин бора ба рӯзноманигорон Пётр Царков-узви Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифон ва Александр Рилкин-яке аз фаъолони ҷунбиши "Солидарность" хабар доданд.

Бино ба хабарҳо, шоми рӯзи ҷумъа дар майдони Манежная дар Маскав тадобири амниятӣ тақвият ёфта буд. Даҳҳо нафар кормандони пулис гашутгузор мекарданд ва дар атрофи майдон панҷараҳои оҳанӣ гузошта буданд.

Рӯзи ҷумъа Алексей Навалний-яке аз раҳбарони мухолифон, номзад ба мақоми мири шаҳри Маскав ва Петр Офицеров бо тасмими додгоҳи вилояти Киров аз зиндон раҳо шуданд. Як рӯз пеш ин додгоҳ онҳоро маҳкум ба зиндон карда буд.
XS
SM
MD
LG