Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи дастаҷамъонаи аъзои Конгресс ба Барак Обама роҷеъ ба Эрон


Бештар аз 100 нафар аъзои Конгресси Амрико ба Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дастаҷамъона нома фиристоданд ва аз вай хостанд, ки баъд аз интихоби раиси ҷумҳури нави Эрон ин кишварро барои баномаҳои ҳастаиаш аз роҳҳои дипломатӣ машғул созад.

Дар ин нома тақрибан чаҳоряки Маҷлиси Намояндагон имзо гузоштаанд ва ин корро қадами муҳими дипломатӣ бо Эрон номидаанд. Коршиносон бар ин андешаанд, ки ин иқдом ақидаҳо дар бораи иқдомоти шадид бар зидди Эронро дар Конгресс хунсо накунад. Зеро то ҳол Конгресс бар зидди Эрон тадбирҳои шадидро пешниҳод мекард.
XS
SM
MD
LG