Пайвандҳои дастрасӣ

Талошҳои Амрико барои азсаргирии музокироти Исроилу Фаластин


Ҷон Керрӣ ва Маҳмуд Аббос

Ҷон Керрӣ ва Маҳмуд Аббос

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико талошҳоро барои баргардонидани Исроилу Фаластин бар сари мизи музокира бештар кардааст. Ин музокирот аз 5 сол ба ин сӯ ба таъвиқ афтодааст. Ҷон Керрӣ рӯзи ҷумъа баъд аз мулоқот бо Соиб Эрекот-раҳбари ҳайати музокироти Фаластин дар Аммон бо чархбол ба Каронаи Ғарбии рӯди Урдун парвоз кард ва дар Ромаллоҳ бо Маҳмуд Аббос-раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин дидор ва гуфтугӯ кард.

Мулоқоти Ҷон Керррӣ ва Маҳмуд Аббос тақрибан як соат идома ёфт. Керрӣ ҳамчунин телефонӣ бо Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил гуфтугӯ кард.

Ин гуфтугӯҳо дар ҳоле сурат гирифт, ки як рӯз пеш Фаластин аз шарти аслии худ барои оғози музокира даст накашид. Фаластин мехоҳад, ки Исроил марзҳои миёни ду кишвар то соли 1967-ро ба расмият шиносад. Баъд аз соли 1967 Исроил Каронаи Ғарбӣ, Навори Ғазза ва шарқи Байтулмуқаддасро тасарруф кард.
XS
SM
MD
LG