Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар инфиҷоре дар Ироқ 20 нафар кушта, 40 нафар маҷруҳ шуданд


Дар инфиҷоре дар Ироқ 20 нафар кушта, тақрибан 40 нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Бамгузори маргталаб ҳангоми адои намози ҷумъа дар масҷиди панҷвақтаи сунниҳо дар Ал Ваҷиҳия воқеъ дар шимоли Бағдод дастгоҳи мунфаҷираро ба кор андохт.

Дар натиҷаи ташдиди мухолифатҳои мазҳабии миёни суниҳо ва шиаҳо дар Ироқ куштор афзоиш ёфтааст. Аз аввали сол то ҳол 2 700 нафар қурбони чунин ҳамлаҳо шудаанд. Танҳо дар моҳи июл, ки ҳоло ба поён нарасидааст, 457 кас ба қатл расидаанд.
XS
SM
MD
LG