Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли ҷасади 458 муҳоҷири тоҷик аз Русия


Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов, рӯзи ҷумъаи 19-уми июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки дар муддати шаш моҳи соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон 458 ҷасади шаҳрвандон оварда шудааст. Ба гуфтаи вай, аз ин ҷумла 41 нафарашон кушта шуда, 13 нафар худкушӣ карда ва 104 нафари онҳо дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуш фавтидаанд.


XS
SM
MD
LG