Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири сарвазири Покистон ба Кобул сафар мекунад


Як мақоми баландпояи Покистон ба зудӣ ба хотири беҳбуди равобит ба Афғонистон сафар мекунад, ки ҳардуро ҳамсояҳои ҷанҷолӣ мехонанд. Мақомоти Покистон рӯзи ҷумъа гуфтанд, ки Сартоҷ Азиз, мушовири нахуствазир дар умури равобити хориҷӣ рӯзи якшанбе вориди Кобул мешавад ва бо раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай роҷеъ ба ҷараёни сулҳ дар Афғонистон гуфтӯгу мекунад. Қарор буд, Сартоҷ Азиз рӯзи шанбе ба Кобул сафар кунад, аммо сафараш ба таъхир афтод. Ӯ ба хабаргузории “Ассосиеэйтед Пресс” гуфтааст, ки Покистон дар миёни Толибони Афғонистон “каме нуфуз” дорад, аммо онҳоро контрол намекунад. Давлати Афғонистон пайваста аз Покистон хостааст, Толибони афғонро, ки дар қаламрави он кишвар паноҳ мебаранд, ба музокироти сулҳ мойил кунад. Қарор аст, зимни сафари Сартоҷ Азиз, замина барои мулоқоти раҳбарони Афғонистону Покистон гузошта шавад.
XS
SM
MD
LG