Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Украина тазоҳуротро пароканда кард


Пулиси зиддиюриши Украина тазоҳуроти даҳҳо нафар дар шаҳри Киевро пароканда кард, ки аз таҷовузи афсарони пулис ба номуси зане ба хашм омадаанд. Маъмурони пулис субҳи рӯзи ҷумъа 10 тазоҳургарро боздошт карда ва ба 100 тани дигар амр додаанд, ки хаймаҳои гузоштаашон дар майдони Киевро тарк кунанд. Мақомот рӯзи панҷшанбе тазоҳурот дар Киевро иҷоза доданд. Аввали ҳамин моҳ як фурӯшандаи 29-сола дар шаҳри Врадийивка дар 300 километрии шаҳри Киев гуфт, ки ду афсари пулис ӯро дар шӯъбаи умури дохилӣ латукӯб ва таҷовузи ҷинсӣ кардаанд. Баъди ин садҳо нафар ба нишони эътироз аз амалкарди афсарони пулис ва пинҳон доштани ҷиноят ба кӯчаҳо рехтанд. Ҳукумати Украина баъди ин додситон ва сардори раёсати умури дохилӣ дар минтақа ва шаҳрро аз мақомҳояшон барканор кард. Афсарони муттаҳам ба ҷиноятро боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG