Пайвандҳои дастрасӣ

Аудиторони тоҷик соҳиби сертификати нав мешаванд


Дар Тоҷикистон нахустин бор ба 33 аудитори дохилӣ, ки дар имтиҳони “Аудити молӣ дар сохторҳои давлатӣ” комёб шудаанд, сертификати махсус дода мешавад. Сиву се муҳосиби тоҷик аз тарафи вазорати молия ва бо кӯмаки Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе, соҳиби чунин сертификат мешаванд. Дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе бо нашри баёнияе гуфтааст: “Сертификатсиякунонӣ қадами муҳим дар таъмини манбаи устувори дониши назариявӣ барои аудиторони дохилӣ дар сохтори давлатӣ ба ҳисоб меравад.” Иттиҳодияи Аврупо бо иҷрои чанд барнома дар такмили муҳосибот ва назорати молӣ дар сохторҳои давлатии Тоҷикистон ва мувофиқати он бо аудити байналмилалӣ мусоидат мекунад. Аудит ва ё ҳисобрасӣ, барои ҷамъоварӣ ва арзёбии бетарафонаи иттилооти сохтори давлатӣ, муассиса ва ё ширкат ва фаъолиятҳои иқтисодиву чигунагии “қавлу амали ин ниҳодҳо” бисёр муҳим аст.
XS
SM
MD
LG