Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизҳо мегӯяд, ҷилави қочоқи алюминиюм аз Тоҷикистонро гирифтанд


Марзбонони қирғиз мегӯянд, ки аз қочоқи алюминиюм ба қаламрави Қирғизистон аз хоки Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардаанд. Марзбонони қисми сарҳадбонии «Қара» воқеъ дар вилояти Ботканди ҳаммарз бо вилояти Суғди Тоҷикистон, як мошини ҳомили 250 рулони алюминиумро боздошт карданд, ки қасди убур ба хоки Қирғизистонро дошт. Дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 19-уми июл ба расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод, ки сарҳадбонони қисми марзбононии «Қара» воқеъ дар минтақаи марзии вилояти Ботканд мошини «Мерседс гигант»-ро, ки аз қаламрави Тоҷикистон мехост ба Қирғизистон убур кунад, боздошт кардаанд. Дар ин мошин 250 рулони сими алюминий кашф ва мусодира карда шудааст. Ронандаи ин мошин аз деҳаи «Боз Адир»-и вилояти Ботканд буда, кӯшиш кардааст бидуни гузаргоҳи расмӣ аз як ҷодаи дигар алюмииниуми қочоқиро пинҳонӣ вориди Қирғизистон кунад. Сарҳадбонони қирғиз 250 рулони қочоқиро ба ихтиёри бахши гумрукии вилояти Ботканд супоридаанд. Аммо мақомоти сарраёсати марзбонии Тоҷикистон ва хадамоти гумрукӣ дар робита ба ин ҳодиса изҳори бехабарӣ карданд
XS
SM
MD
LG