Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Tcell дар Тоҷикистон хадамоти навро ба корбарон пешниҳод мекунад


Tcell фароҳамкунандаи хадамоти телефонҳои ҳамроҳ дар Тоҷикистон барномаеро фаъол сохтааст ва он ба корбарони интернет имкон медиҳад, ки бидуни маҳдудият ҳар рӯз ба шабакаи иҷтимоии Facebook, шабакаҳои русии Однокласники, Вконтакте ва Мой Мир дастрасӣ пайдо кунанд.

Ҳақи истифода аз интернет дар як рӯз 60 дирам эълон шудааст. Ҳангоми истифода аз шабакаҳои мазкур дар интернет корбар наметавонад бо бозиҳо машғул шавад, видео бубинад ва зангҳои телефониро қабул кунад ё занг занад.

Ин хадамот фақат барои корбарони интернет дар телефонҳои ҳамроҳ имконпазир аст. Барои дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ браузер ё ҷустуҷӯкунандаи Opera Mini ба кор намеравад.
XS
SM
MD
LG