Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Санкт Петербург 149 муҳоҷири ғайриқонунӣ боздошт шуд


Дафтари матбуотии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабар додааст, ки 17 апрел дар шаҳри Санкт Петербург дар истгоҳҳои метро 149 муҳоҷири ғайриқонуниро боздошт кардаанд. Онҳо дар ҷараёни як амалиёти вижа боздошт шудаанд.

Елена Дунаева-раиси Хадамоти муҳоҷирати Санкт Петербург гуфтааст, мӯҳлати иқомати ин муҳоҷирон гузаштааст ва онҳо муҳоҷири ғайриқонунӣ диниста мешаванд. Бино ба маълумоти ин сарчашма, ҳоло дар ин шаҳр тақрибан 250 ҳазор нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ кору зиндагӣ мекардаанд.

Хадамоти муҳоҷират гуфтааст, ки дар оянда низ амалиёти боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ идома меёбад.
XS
SM
MD
LG