Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди дурӯзаи Аҳмадинежод аз Ироқ идома дорад


Маҳмуди Аҳмадинежод

Маҳмуди Аҳмадинежод

-Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон рӯзи панҷшанбе боздиди дурӯзаи худ аз Ироқро оғоз кард. Вай дар ҷараёни ин боздид бо нахуствазир Нурӣ ал Моликӣ ва раҳбарони дигари баландпояи Ироқ мулоқот анҷом медиҳад.

Дафтари нахуствазири Ироқ гуфтааст, ки Аҳмадинежод ҳамчунин амокини муқаддаси Имом Ҳусейн дар Карбало ва Имом Алӣ дар Наҷафро зиёрат мекунад. Ин ду макони муқаддас зиёратгоҳи пайравони мазҳаби шиа ба шумор мераванд.

Ин дуввумин боздиди расмии Аҳмадинежод аз Ироқ аст. Нахустин боздиди вай соли 2008 сурат гирифта буд ва баъд аз инқилоби исломии соли 1979 дар Эрон, яъне тақрибан дар давоми 30 сол аввалин боздиди як мақоми раҳбарии Эрон аз Ироқ буд.
Аҳмадинежод ду давра раиси ҷумҳур буд ва акнун баъд аз интихобот Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури мунтахаб 3 август дар маросими расмӣ давраи раёсати худро оғоз мекунад.
XS
SM
MD
LG