Пайвандҳои дастрасӣ

Ихвонулмуслимин барои ҳали бӯҳрон музокираро пешниҳод кард


Аъзои Ихвонулмуслимини Миср

Аъзои Ихвонулмуслимини Миср

Ихвонулмуслимини Ироқ мегӯяд, ки чаҳорчӯбае пешниҳод кардааст, ки бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо барои ҳали бӯҳрони сиёсии Ироқ музокирот баргузор гардад. Чунин пешниҳоди ин гурӯҳи исломӣ нахустин пешниҳоди расмӣ барои музокирот аз рӯзҳои барканории Муҳаммад Мурсӣ аз мақоми раёсати ҷумҳурист.

Муҳаммад Мурсиро 3 июл артиш аз мақомаш барканор кард. Ҷиҳод ал Ҳаддод-мақоми расмии Ихвонулмуслимин дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки ин пешниҳод рӯзи чаҳоршанбе ба Бернардино Леон-фиристодаи Иттиҳодияи Аврупо пеш аз сафараш ба Қоҳира тавассути Кэтрин Эштон-масъули сиёсати хориҷаи ин иттиҳодия супурда шудааст.

Ҳаддод гуфтааст, ки ин пешниҳод ҳанӯз дар марҳилаи муқаддамотӣ қарор дорад. Ба гуфтаи вай, ин пешниҳод танҳо як чаҳорчӯба барои оғози музокирот аст. Вай ҳамчунин пофишориҳои ҷиддии Ихвонулмуслиминро дар бораи баргардонидани Муҳаммад Мурсӣ ба мақомаш таъкид кардааст.
XS
SM
MD
LG