Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Горбачёв ҳукми Навалнийро гувоҳи набуди додгоҳи мустақил номид


Михаил Горбачёв
Михаил Горбачёв
Михаил Горбачёв-охирин раиси ҷумҳури Иттиҳоди Шӯравӣ мегӯяд, ҳукми зиндони Алексей Навалний-яке аз мухолифони давлати Русия нишон медиҳад, ки дар ин кишвар додгоҳи мустақил вуҷуд надорад. Горбачёв дар торнамои фонд ё банёди худ навиштааст: “Ман бовар дорам, ки истифода аз додгоҳ барои мубориза бо мухолифони сиёсӣ ғайриқобили қабул аст”.

Ҳукми зиндони Навалнийро билофосила раҳбарияти Иттиҳодияи Аврупо маҳкум кард. Дафтари матбуотии Кэтрин Эштон-масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфт: “Чунин ҳукм волоияти қонун дар Русияро ба таври ҷиддӣ зери суол мебарад”.

Майкл Макфол-сафири Амрико дар Русия дар сафҳаи "Твиттер"-и худ навишт, ки Вашингтон аз ҳукми зиндони Навалний нигарон аст ва онро дорои ангезаи сиёсӣ медонад.
XS
SM
MD
LG