Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони Навалний дар дохил ва хориҷ вокунишҳои зиёд ба бор овард


Боздошти яке аз ҷонибдорони Навалний дар маркази Маскав
Боздошти яке аз ҷонибдорони Навалний дар маркази Маскав

Додситонии Кирови Русия бар зидди ҳукми зиндони Алексей Навалний-яке аз раҳбарони мухолифони давлати Русия ва Петр Офицеров эътироз кард.

Ҳукми додгоҳ рӯзи панҷшанбе содир шуд ва додситонӣ мегӯяд, то эътибор пайдо кардани ҳукми додгоҳ бояд ин ду нафар аз зиндон раҳо шаванд.

Додситонии кулли Русия ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки дар чунин ҳолат Навалний бояд забонхат диҳад, ки ба ҷое намеравад. Ин эътиози додситонӣ рӯзи ҷумъа соати 10 вақти маҳаллӣ дар додгоҳи Киров баррасӣ мешавад. Навалний барои дуздии моликияти ширкати "Кировлес" ба 5 соли зиндон маҳкум шуд.

Баъд аз эълони ин ҳукм дар шаҳрҳои бузурги Русия, аз ҷумла дар шаҳрҳои Маскаву Санкт Петербург бар зидди ҳукми додгоҳ ва ба ҷонибдорӣ аз Алексей Навалний тазоҳуроти эътрозӣ баргузор шуд. Бино ба хабарҳое, ки дар Твиттер чоп шудааст, дар Манежная Плошади Маскав ҳазорон нафар ба тазоҳурот баромаданд ва пулис ин майдонро муҳосира кард. Бар асоси хабарҳои муқаддамотӣ дар ин майдон пулис ҳудуди 30 нафарро боздошт кардааст.

Манежная Площадь
Манежная Площадь
Тазоҳуроти Манежная Плошад ғайриқонунӣ дониста мешавад, зеро ҷонибдорони Навалний, ки аслан нируҳои мухолифони давлат мебошанд, барои баргузории ин эътирозҳо иҷоза нагирифтаанд. Аммо мухолифон онро ба истилоҳ “народное гуляние” ё “гардиши оммавӣ” ба ҷонибдорӣ аз Навалний мегӯянд.

Нируҳои мухолифон ва рӯзноманигорони мустақил шумораи ширкаткунандагони эътирози Манежная Плошадро дар муқобили бинои Думи Давлатӣ ҳазорон нафар баршумурдаанд. Вале пулис мегӯяд, ки шумораи ширкаткунадагон 2,5 ҳазор нафар будааст. Ба ҷонибдорӣ аз Навалний шиорҳои “Озодӣ”, “Озодӣ ба Навалний ва зиндониёни сиёсӣ” дар майдон садо дод. Садоҳои “Русия бидуни Путин” низ дар майдон ба гӯш мерасид.

Дар тазоҳуроти эътирозии Санкт Петербург низ бештар аз 30 нафар ширкаткунандагон боздошт шудаанд. Дар миёни боздоштшудагон Олга Галкина-намояндаи Маҷлиси қонунгузори шаҳр низ ҳаст.

Дар шаҳрҳои Киров, Самара, Казан, Красноярск, Томск ва Влдадивосток низ ба ҷонибдорӣ аз Навалний эътирозҳо барпо шуданд.

Як ҷо бо Навалний бо ҳамин ҷурм Петр Офицеров низ ба 4 соли зиндон маҳкум шудааст. Баъд аз судури ҳукми додгоҳ ба дастони ҳар дуи онҳо дар толор завлона заданд.

Алексей Навалний
Алексей Навалний
Дар парвандаи додгоҳ омадааст, Алексей Навалний соли 2009, вақте ки мушовири Никита Белих-раиси вилояти Киров буд, дар машварат бо раиси ширкати “Вятская лесь” ва раиси муассисаи давлатии "Кировлес" дуздии моликияти ин ширкатҳоро созмон додаанд ва аз ин кор бештар аз 16 миллион рубл давлат зарар дидааст.
Аммо маҳкумшудагон ва вакилони мудофеи онҳо ин иттиҳомтро бепоя медонанд ва мегӯянд, ки касе ин иттиҳомотро исбот накардааст.

Дар дохили Русия ва хориҷ аз он ба ҳукми зиндони Навалний шахсиятҳо ва созмонҳои байналмиллалӣ низ вокуниш нишон доданд. Аз ҷумла Михаил Горбачёв-охирин раиси ҷумҳури Иттиҳоди Шӯравӣ мегӯяд, ҳукми зиндони Алексей Навалний нишон медиҳад, ки дар Русия додгоҳи мустақил вуҷуд надорад. Горбачёв дар торнамои фонд ё банёди худ навиштааст: “Ман бовар дорам, ки истифода аз додгоҳ барои мубориза бо мухолифони сиёсӣ ғайриқобили қабул аст”.

Вазорати корҳои хориҷаи Амрико мурофиаи Навалнийро “нақзи қонун” арзёбӣ кард, ва гуфт, ки он “зоҳиран ангезаи сиёсӣ”дорад.

Майкл Макфол-сафири Амрико дар Русия дар сафҳаи "Твиттер"-и худ навишт, ки Вашингтон аз ҳукми зиндони Навалний нигарон аст ва онро дорои ангезаи сиёсӣ медонад.

Ҳукми зиндони Навалнийро билофосила раҳбарияти Иттиҳодияи Аврупо маҳкум кард. Дафтари матбуотии Кэтрин Эштон-масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфт: “Чунин ҳукм волоияти қонун дар Русияро ба таври ҷиддӣ зери суол мебарад”.
XS
SM
MD
LG