Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати Бек Наимов, "Мусаввири Борбад", дар як садама


Бек Наимов рассоми шинохтаи тоҷик, дар як садамаи автомобилӣ ҷароҳати сангин бардошта, шаби чоршанбе дар синни 71 даргузашт. Мирзо Олимов, сухангӯи вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба радиои озодӣ гуфт, ҷанозаи Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Бек Наимовро рӯзи 18 июл ба хок супурданд.
Бек Наимов рӯзи чоршанбе, тақрибан дар соати 12 дар хиёбони Рӯдакӣ аз троллейбус пойин шуда, мехоҳад аз роҳ гузарад, вале як мошин ӯро башаст аз по меафтонад. Ӯ аз сараш зарб хӯрда, ҳамон шаб дар бемористони Қарияи боло даргузашт.
Бек Наимов ибтидо дар телевизони Тоҷикистон ҳамчун рассом фаъолият карда, як муддат дар «Тоҷикфилм» ва баъдҳо дар Академияи улум кор кардааст. Аммо номи Бек Наимов замоне вирди забонҳо гашт,ки дар оғози солҳои 90 барои ҷашни 1400-солагии таҷлили Борбади Марвазӣ чеҳраи ин ромишгари маъруфи аҳди бостонро кашид ва ин тасвири офаридаи ӯ ҳамчун тасвири Борбад шинохта ва эътироф шуд. Бек Наимов аслан чеҳранигор буд ва чеҳраҳои даҳҳо донишмандон ва шахсиятҳои бузурги кишварро офаридааст. Аксари ин портретҳо дар осорхонаҳои Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.
XS
SM
MD
LG