Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Кобул аз шабаҳҳои Афғонистони Шимолӣ ва Ҷанубӣ


Абдулкарими Хуррам, pаҳбари дастгоҳи раёсатҷумҳурии Афғонистон

Абдулкарими Хуррам, pаҳбари дастгоҳи раёсатҷумҳурии Афғонистон

Сарвари дастгоҳи раёсатҷумҳурии Афғонистон мегӯяд, кишвараш бо пешниҳодҳои тақсимшавӣ ё федерализм рӯбарӯ гаштааст.

Раҳбари дастгоҳи раёсатҷумҳурии Афғонистон, Абдулкарими Хуррам, дар чанд мусоҳибаи ахираш гуфт, қудратҳои зидахл дар масъалаи Афғонистон “тавтеаеро барои таҷзия”-и он роҳандозӣ кардаанд. Ба ақидаи ӯ, Иёлоти Муттаҳида ва Покистон аз тариқи гуфтушуниди ҷудогона бо толибҳо шароити ба қисмҳо ҷудо шудани Афғонистонро ба миён меоранд. Ӯ мегӯяд, таъсиси намояндагии сиёсии Толибон дар Қатар на барои ин навъ музокирот, балки ба хотири расидан ба сулҳу оштӣ дар Афғонистон буд.

Мақомоти Амрико ва Покистон ҳанӯз гуфтаҳои Хуррамро шарҳ надодаанд ва ин дар ҳолест, ки ӯ яке аз наздиктарин афроди раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ба шумор рафта, таҳлилгарон мегӯянд, гумон намекунанд, Хуррам бе машварат бо Карзай чунин иттиҳомоти сангинро ба миён гузошта бошад. Аммо аз сӯе ҳам он повазн ё далели ҷавобии Кобул ба таҳдиди хуруҷи комили нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон ва қатъи имдоди молӣ дониста мешавад, ки гаҳ-гоҳ аз ҳар ҷонибе бо ҳадафи "шантаж" корбаст мегардад.



Суҳбатҳои Хуррам ба изҳороти пешинаи Карзай рабт мегирад, ки бино бар навиштаи “Ню Йорк Таймс”, 27-уми июни соли равон дар мулоқот бо раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама, Вашингтонро айбдор кардааст, ки зимни гуфтушуниди ҷудогона бо Толибон ва ҳомиёни покистонии онҳо ҳукумати феълии Афғонистонро зери хатар мегузорад.

Дар пасманзари ин баҳс бархе аз расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, Исломобод пешниҳод кардааст, ки баъзе аз вилоятҳои Афғонистон ба ихтиёри Толибон вогузор шаванд. Ин нукта сиёсатмадорони шимоли Афғонистонро, ки асосан аз ақвоми ғайрипаштунанд, водор кардааст, ба носозгории худ бо толибҳо ва зарурати таъсиси федерсиюн дар Афғонистон таъкид кунанд. Ақидаи федералистиро дар гузашта Латифи Пидром, вакили парлумон ва раҳбари ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон дар миён гузошта буд, ки зоҳиран дар чунин шароит тарафдорони бештар пайдо мекунад.

Узви дигари порлумони Афғонистон Шукрия Борикзай дар мусоҳибае бо бахши форсии Би-би-сӣ гуфт, мухолифони Карзай дар музокироти пасипардагӣ бо Толибон дар се масъала ба тавофуқ расиданд, ки яке аз онҳо тақсими кишвар ба Афғонистони Шимолӣ ва Ҷанубист. Вай инчунин тақсими қудрат ва тағйир дар қонуни асосии Афғонистонро аз мавзуъҳои гуфтушуниди Вашингтону Исломобод бо Толибон номид. Худи толибҳо дар ин масъала изҳори назар накардаанд, вале таври маълум Вашингтон ба бастани дафтари онҳо дар Қатар дастур дод, ки метавонад нишонаи нокомии гуфтушуниди Амрико бо толибҳо бошад.

Ба ақидаи коршиносон, дидгоҳҳои гуногуни Амрико ва Афғонистон дар масъалаи сулҳ бо Толибон мақомоти Кобулро шадидан нигарон кардааст. Абдулкарими Хуррам, раҳбари дастгоҳи раёсатҷумҳурии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Вашингтон дар ҳоле “гузинаи сифр” ё “хуруҷи комил” аз Афғонистонро дар миён мегузорад, ки дар ду масъалаи асосӣ замонате ба Кобул надиҳад. Яке, таъмини амнияти Афғонистон пас аз бурунрафти нерӯҳои байнулмилалӣ ва дигар, таъмини молии ҳукумати Афғонистон. Хуррам мегӯяд, дар ихтиёри Конгресси Амрико гузоштани масъалаи ёриҳои молӣ ба маънии набуди кафолати идомаи онҳост. Вай ҳамаи ин масъалаҳоро ба қарордоди амниятии Амрикову Афғонистон марбут медонад. Вале сафири пешини Иёлоти Муттаҳида дар НАТО Курт Волкер дар мусоҳибаи ахираш ба Радиои Озодӣ ин ҷанбаъҳоро аз ҳам ҷудо кард ва афзуд, "хуруҷи комил" ба миён нахоҳад омад, зеро ҷомеаи ҷаҳонӣ намехоҳад, заҳматҳои дувоздаҳсолааш дар Афғонистонро ба боди фано диҳад.

Коршиносони афғон низ ба "гузинаи сифр" бовар надоранд ва идомаи ёриҳои азими молӣ ба Афғонистонро омили асосии амнияту субот дар ин кишвар медонанд. Нигарониҳои Кобулро, онҳо бештар ба масъалаи ҳокимият ва таваҷҷуҳи Вашингтон ба сарони эҳтимолии ояндаи Афғонистон рабт медиҳанд.

Дар чунин шароит ҳукумати Карзай қарор кард, барои ҳалли масъалаҳо ва рӯшан кардани оянда Луя Ҷирга, ё Анҷумани умумии мардуми Афғонистонро даъват намояд. Ин даъват ба мухолифони ӯ дастак шуд, айбдораш кунанд, ки мехоҳад, аз тариқи ҷирга, муҳлати раёсатҷумҳурии худро дароз кунад. Ин дар ҳолест, ки бино бар қонуни асосии Афғонистон Карзай ҳақ надорад барои даври сеюм номзад шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG