Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаҷми тавлидоти ТАЛКО ва "Тоҷиксемент" коҳиш ёфтааст


Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, дар нимаи аввали сол ҳаҷми тавлидоти "Талко" ба андозаи беш аз 42 миллион сомонӣ, ё 8,5 миллион доллар коҳиш ёфтааст. Ҳамчунин дар ин давра ҳаҷми тавлидоти корхонаи “Тоҷиксемент” ба маблағи 88,6 миллион сомонӣ ва корхонаҳои пахтатозакунӣ ба маблағи 73,6 миллион сомонӣ кам шудааст. Вазорати энергетика ва саноат мегӯяд, маҷмӯъи маҳсулоти саноатии Тоҷикистон аз ҳисоби коҳиши тавлидоти ин корхонаҳо 204,6 миллион сомонӣ ва ё 4,6 дарсад коҳиш ёфтааст.
Дар нимаи аввали сол дар Тоҷикистон 161 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмонда, аз ин шумор 110 корхона ӣ самти фаъолияти худро тағйир додаанд ва инак беш аз 2 сол боз фаъолият надоранд, Вазорат мегӯяд, дар ҳоли ҳозир масъалаи аз рўйхати корхонаҳои саноатӣ баровардани онҳо ба куммиссиюни байниидоравӣ пешниҳод гардидааст.
Бо ин вуҷуд, ҳаҷми маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли ҷорӣ назар ба як соли қабл 6,6 дарсад афзуда, болиғ аз 4 миллиард сомонӣ шудааст. Ба ҳисоби пулӣ, маҷмӯъи маҳсулоти саноатии Тоҷикистон назар ба айни давраи соли гузашта 277,7 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG