Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 17-уми июл дар шаҳри Турсунзода ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон шурӯъ шуд.

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон, дар доираи омодагиҳои даста ба бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон, ки рӯзи 14-уми август дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд барпо мегардад, ба ин ҷамъомад 23 футболбозро даъват кардааст.

Аз ҳама бештар аз дастаи «Истиқлол»-и Душанбе – 10 нафар, аз дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода – 5- нафарӣ, аз дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, «Истаравшан»-и Истаравшан ва «Слобода»-и Сербия якнафарӣ даъват шудаанд.

Ба гуфтаи Мӯҳсин Муҳаммадиев ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ба бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон ҳанӯз ниҳоӣ нест ва мумкин аст, ки дар ҷараёни омодагӣ ба ин бозӣ тағйирот ба амал ояд.

Дарвоқеъ, ҳимоятгар Соҳиб Саванқулов(«Истиқлол»), нимҳимоятгарон Расул Файзов («Регар-ТадАЗ») ва Маҳмадалӣ Содиқов («Хуҷанд»), ҳамлагар Комил Саидов («Регар-ТадАЗ») дар ин ҷамъомад ширкат карда наметавонанд. Саванқулов дар айни ҳол дар бошгоҳи «АЗАЛ»-и Озарбойҷон аз санҷиш мегузарад. Файзов, Содиқов ва Саидов бошанд, лат хӯрдаанд.

Ба ҷойи онҳо ба дастаи мунтахаб ҳимоятгари «Хайр»-и Ваҳдат Идибек Ҳабибуллоев, нимҳимоятгари «Энергетик»-и Душанбе Бахтиёр Чориев, ҳамлагари «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода Аҳтам Ҳамроқулов ва ҳамлагари «Истаравшан»-и Истаравшан Фарҳод Тоҳиров даъват шуданд.

Вале дар мавриди охирин ба дастаи мунтахаб ба ҷойи ҳимоятгари «Хайр»-и Ваҳдат Идибек Ҳабибуллоев, ки дар рухсатӣ дар Ванҷ мебошад, ҳимоятгар Алишер Шарифовро даъват намуданд. Вай дар давраи аввали мусобиқоти қаҳрамонии кишвар дар ҳайати «Парвоз» бозӣ мекард.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон, ки дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Турсунзода ширкат мекунад, чунин аст:

дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Рустам Ризоев («Равшан»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»);

ҳимоятгарон: Далерҷон Тухтасунов, Ҳасан Рустамов, Алексей Неъматов (ҳарсе – «Равшан»), Наим Улмасов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов, Сиёвуш Асроров (ҳарчор – «Истиқлол»), Алишер Шарифов («Парвоз»);

нимҳимоятгарон: Абдусамад Ҳоҷибаев («Равшан»), Хуршед Маҳмудов («Регар-ТадАЗ»), Нуриддин Давронов («Слобода», Сербия), Иброҳим Рабимов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев (ҳарсе – «Истиқлол»), Бахтиёр Чориев («Энергетик»);

ҳамлагарон: Шодибек Ғаффоров, Аҳтам Ҳамроқулов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Эргашев (ҳарду – «Истиқлол»), Фарҳод Тоҳиров («Истаравшан»).

Ёварони мутахассиси 46-сола Мӯҳсин Муҳаммадиев сармураббии нави дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Олег Ширинбеков ва мураббии Академияи футболи «Истиқлол» Рустам Қурбонов, инчунин, мураббии дарвозабонҳо Амоншо Саодатсайров ва мураббӣ оид ба омодагии ҷисмонӣ Асан Мустафоев, собиқ бозигари дастаи «Помир»-и Душанбе, мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG