Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷонибдорони Алексей Навалний дар Манеж ҷамъ меоянд


Шоми панҷшанбе ҷонибдорони блогнавис ва мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний дар майдони Манежи Маскав ҳамоиши пуштибонӣ аз ӯро доир мекунанд. Дар ин бора шабакаҳои иҷтимоии интернет хабар доданд. Айни ҳол дар Маскав ба бархе шаҳрҳои Русия пикетҳои ҷудогона алайҳи ҳукми додгоҳ дар баробари Навалний баргузор мешаванд.

Рӯзи панҷшанбе, 18 июл, додгоҳи шаҳри Киров Навалнийро ба панҷ сол ва тоҷир Петр Офитсеровро ба чаҳор соли маҳбас маҳкум кард.Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки Навалний соли 2009, замони мушовири волии вилояти Киров Никита Белих буданаш, дар ҳамдастӣ бо раиси ширкати "Бешазорони Вятка" Петр Офитсеров ва раиси корхонаи давлатии "Кировлес" Вячеслав Опалев дуздии чӯбро ба роҳ монда буд ва аз амали онҳо ба давлат 16 миллион рубл зарар ворид шудааст.

Додрас Сергей Блинов, раиси мурофиаи додгоҳӣ гуфт, ки Навалний барои исботи иддаояш оиди ангезаи сиёсӣ доштани парванда ягон далел пешниҳод накардааст.
Айбдоркунандаи давлатӣ хостори барои шаш сол равонаи зиндон кардани Алексей Навалний шуда буд.
XS
SM
MD
LG