Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо вуҷуди эътирозҳо Афина "қонуни ихтисор"-ро пазируфт


Парлумони Юнон шоми чаҳоршанбе тарҳи қонунеро пазируфт, ки бар пояи он дар чаҳорчӯби сарфаи будҷа ҳазорон кормандони сохторҳои давлатӣ ихтисор мешаванд. Ҳангоми баррасии санад мухолифони тарҳ дар канори бинои парлумон дар ҳамоиши эътирозӣ ҷамъ омада буданд. Намоишҳои эътирозӣ, коршиканӣ ва раҳпаймоиҳо дар Юнон тамоми ҳафтаи ахир идома доштанд.

Бар пояи тарҳи пазируфташуда, тақрибан 25 ҳазор кормандони давлатӣ, асосан, омӯзгорон ва кормандони полис, бояд ё ҷойи корашонро тарк намоянд ё ба кори дигар гузаранд.

Чораҳои сарфаи будҷа аз сӯи ҳукумати Юнон - шарти асосии ироаи бахши навбатии қарз аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул аст. Ҳаҷми қарзи навбатӣ тақрибан 7 миллиард евро мебошад.
XS
SM
MD
LG