Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати кишоварзӣ тағйири сохтор мекунад


Суюнхон Рустамов

Суюнхон Рустамов

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон сар аз соли 2016 тағйири сохтор мекунад.

Суюнхон Рустамов, муовини аввали вазири кишоварзии Тоҷикистон рӯзи 18-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ин вазорат аз як ниҳоди назораткунандаи хоҷагиии деҳқонӣ ба ниҳодӣ машваратдиҳанда ва шарики рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ табдил мешавад.

Ба гуфтаи вай, дар доираи ҳамин ислоҳот ба Бонки миллии Тоҷикистон ва вазорати молияи кишвар дастур дода шудааст, ки низоми нави сармоягузории кишоварзиро таҳия кунанд. Ба гуфта ин мақом, дар оянда афзалият ба кишти зироатҳои ғалладонагӣ ва равғанидиҳанда ва инчунин истеҳсоли ширу гӯшт дода мешавад.

Ҳамчунин ба қавли ҷаноби Рустамов, вазорати кишоварзӣ дар ҳамоҳангӣ бо вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон номгӯи зироатҳоеро таҳия дорад, ки дар сурати кишти онҳо аз сӯи хоҷагиҳои деҳқонӣ, давлат ба онҳо ё кӯмаки молӣ мерасонад.

Дар мавриди ҳаҷми кишти яке аз ашёҳои муҳими содиротии Тоҷикистон - пахта ҷаноби Рустамов гуфт: «Вазорати кишоварзӣ дар интихоб ва кишти зироатҳо ба фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ тӯли 6-7 соли охир дахолат намекунад. Аммо майдони кишти пахта дар се соли охир аз 200 ҳазор геткар то ба 191 ҳазор коҳиш ёфтааст.»

Ҷаноби Рустамов афзуд, бинобар консепсияи таҳиякардаи коршиносони байналмилаӣ оид ба диверсификатсия бахши кишоварзии Тоҷикистон, камшавии ботадриҷи ҳудуди кишти пахта дар назар дошта шудааст. Мо бояд як қисми заминҳоро барои кишти ғаладона ва хӯроки чорво ихтисос диҳем то ин ки истеҳсоли гӯшту шир афзоиш ёбад: «Аммо мо куллан аз кишти пахта даст намекашем, чунки як қисми пахта аллакай дар дохили кишвар пурра коркард шуда, маҳсулоти ниҳоӣ тайёр мешавад ва барои ин корхонаҳо ашёи хом зарур аст. Ҳамзамон мо таърихан ба парвариши ин ин зироат машғул будем ва таҷрибаи бойи парвариши онро дорем.»


Бинои вазорати кишоварзӣ

Бинои вазорати кишоварзӣ

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон барои коҳиши сатҳи камбизоатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилиро аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии худ қарор додаааст.

Раисиҷумҳур дар авохири соли гузашта зимни нишасти Шӯрои миллии рушди назди президент гуфта буд, ки новобаста аз тадбирҳои андешидашуда дар бозори истеъмолӣ, ҳанӯз ҳам зуҳуроти сунъие арзи вуҷуд доранд, ки дар фазои иқтисодии мамлакат мушкилиҳо эҷод менамоянд.

Ӯ афзоиши нархи маводи ғизоиву сӯзишворӣ ва эҷоди монеаҳои сунъӣ дар интиқоли маводи ниёзи мардум тавассути роҳи оҳанро аз ҷумлаи омилҳое хонда буд, ки ба суботи бозори истеъмолӣ ва ҳолати иҷтимоӣ дар кишвар халал ворид менамоянд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG