Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ бо раҳбарони араб вохӯрд


 Ҷон Керрӣ (аз чап) ва Маҳмуд Аббос (аз рост)
Ҷон Керрӣ (аз чап) ва Маҳмуд Аббос (аз рост)
Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ мегӯяд, исроилиҳову фаластиниҳо ба эҳёи музокироти сулҳ наздик шудаанд.

Рӯзи чоршанбе дар шаҳри Аммон баъди музокирот бо раҳбари фаластиниҳо Маҳмуд Аббос ва фиристодаҳои мамолики араб Керрӣ изҳори умед кард, ки ба зудӣ ду ҷониб дар сари мизи музокирот хоҳанд нишаст.

Керрӣ раҳбарони арабро бо татбиқи ташаббуси сулҳи шоҳи Арабистони Саудӣ малик Абдуллоҳ ва шоҳи Урдун Абдуллоҳ ошно намуд.

Дар мавриди рӯйдодҳои ахири Миср Керрӣ гуфт:

Мо мехоҳем ҳамаи нерӯҳо ширкат дошта бошанд ва ҳабсҳои сиёсӣ хотима ёбанд. Мо дар мавриди озодии мардум ва ширкати онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ташвиш дорем. Ба ақидаи мо ин бахши муҳими эҳёи қалбҳо ва рӯҳи Миср аст. Умед дорем, ки рӯзҳои оянда вазъ возеҳтар мешавад.”

Низомиёни Миср дар таърихи 3-уми июл президенти ин кишвар Муҳаммад Мурсиро барканор намуда, рӯзи сешанбе ҳукумати муваққатро сари қудрат оварданд.
XS
SM
MD
LG