Пайвандҳои дастрасӣ

Ғижжакнавози Болшой аз саҳна ба чоҳ афтида ҷон дод


 Театри Болшой

Театри Болшой

Дар театри Болшойи Русия фоҷеаи нав рӯй дод: ғижжакнавози пешдасти гурӯҳи ҳунарӣ аз саҳна ба чоҳ ё худ хандақи оркестр афтида, дар шифохона вафот кард.

Ба навиштаи расонаҳои Русия рӯзи сешанбе ғижжакнавози 65-сола Виктор Седов аз саҳна ба чоҳи оркестр афтид.

Сухангӯи Болшой Катерина Новикова тасдиқ кард, ки рӯзи чоршанбе Седов дар шифохона ҷон дод.

Соли равон раиси ҳунарии Болшой Сергей Филин мавриди ҳамла бо кислота ё худ туршӣ қарор гирифта буд.

Ҳафтаи гузашта ҳукумати Русия раиси Болшой Анатолий Иксановро барканор намуда, Владимир Урин-собиқ раҳбари театри Станиславскийро ба ҷои ӯ раҳбар таъйин кард.
XS
SM
MD
LG