Пайвандҳои дастрасӣ

Универсиадаи Қазон барои Русия 7 миллиард $ тамом шуд


Ин бабрак бо номи Унӣ рамзи Универсиадаи Қазон буд

Ин бабрак бо номи Унӣ рамзи Универсиадаи Қазон буд

Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона, ки дар Қазони Русия 12 рӯз идома кард, шоми чоршанбеи 17-уми июл ба анҷом расид.

Дар Универсиадаи ҷаҳонӣ 11800 варзишгар аз 162 кишвар барои 351 маҷмӯъаи медалҳо мубориза бурданд. Варзишгарони 70 кишвар дар 27 навъи варзиш барандаи медал шуда, намояндагони 42 кишвар ба унвони қаҳрамони Универсиадаи Қазон-2013 даст ёфтанд.

Дар сабқати умумии барандагони унвони қаҳрамонии Универсиада Русия бо 155 медали тило дар мақоми аввал аст: Русия – 155 тилло, Чин -26, Ҷопон - 24, Кореяи Ҷанубӣ - 17, Беларус - 13, Украина - 12, ИМА - 11, Африқои Ҷанубӣ - 7, Италия - 6, Австралия - 6, Литва - 6, Лаҳистон - 5, Фаронса - 5, Олмон - 5, Озарбойҷон - 4, Тайван - 4, Бразилия - 4, Маҷористон - 4, Қазоқистон - 3, Муғулистон - 3, Ҷумҳурии Чех - 3, Узбакистон - 2, Тайланд - 2, Канада - 2, Туркманистон - 2, Қирғизистон - 2, Кореяи Шимолӣ - 2, Исроил - 2, Туркия - 2, Руминия - 2, Португол - 2, Арманистон - 1, Эрон - 1, Мексика - 1, Словакия - 1, Куба - 1, Бритониёи Кабир - 1, Австрия - 1, Белгия - 1, Ботсвана - 1, Ҷазоири Вирҷинӣ - 1, Филиппин - 1.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 292 медал (155 тилло, 75 нуқра ва 62 биринҷӣ), ки натиҷаи рекордист, ҷойи аввалро азони худ кард. Чин (26+29+22) дар ҷойи дувум ва Ҷопон (24+28+32) дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Дар байни 10 дастаи пешсаф, инчунин, Кореяи Ҷанубӣ (17+12+12), Беларус (13+13+14), Украина (12+29+36), ИМА (11+14+15), Африқои Ҷанубӣ (7+3+4), Италия (6+17+21) ва Австралия(6+4+6) ҷойгир шуданд.


Мунтахаби Тоҷикистон барои аввалин бор дар Универсиадаи ҷаҳонӣ бо ҳайати бузург, минҷумла 45 варзишгар, дар 9 риштаи варзиш ширкат кард ва соҳиби 5 медал (2 нуқра ва 3 биринҷӣ) шуд. Тоҷикистон дар байни 70 кишваре, ки соҳибони медалҳо гардиданд, дар мақоми 44-ум қарор гирифт. Вале миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мақоми аз ҳама поён, пас аз Қазоқистон, Узбакистон , Туркманистон ва Қирғизистон ҷойгир шуд. Тоҷикистон дар байни 15 кишвари собиқи шӯравӣ ҷойи 12-умро ишғол карда, танҳо аз Гурҷистон, Латвия ва Эстония пеш гузашт.

Мавқеи кишварҳои собиқи шӯравӣ дар ҳисоби умумидастаӣ чунин аст:
1. Русия (155+75+62).
5. Беларус (13+13+14).
6.Украина (12+29+36),
11. Литва (6+1+3).
15. Озарбойҷон (4+5+7).
19. Қазоқистон (3+11+16).
22. Узбакистон (2+7+10).
25.Туркманистон (2+3+9).
26. Қирғизистон (2+2+8).
32. Арманистон (1+5+4).
43. Молдова (0+2+11).
44. Тоҷикистон (0+2+3).
48. Гурҷистон (0+1+2).
48. Латвия (0+1+2).
62. Эстония (0+0+1).

Ёдовар мешавем, ки аз 5 медали мунтахаби Тоҷикистон 4-тоашро донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар мусобиқоти гуштии камарбандӣ (1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ва самбо (1 нуқра) соҳиб шуданд.

Абдуазим Бойназарови 20-сола дар гуштии камарбандӣ дар рақобатҳо дар вазни то 68 кг бо услуби озод миёни мардон барандаи медали нуқра гардид. Дар ин навъи рақобатҳо дар вазни то 62 кг байни мардон гуштигири дигари тоҷик Ибодулло Алибердизода 21-сола бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Гуландом Қаробоева, ки 22-юми сентябр 20-сола мешавад, дар сабқати занон дар рақобатҳо дар вазни то 76 кг бо услуби озод бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.


Комроншоҳи Устопириёни 20-сола дар риштаи самбо дар рақобатҳо дар вазни то 90 кг бо медали нуқра сарфароз гашт. Вай дар даври 1/16 ниҳоӣ бар рақибаш Нико Ҳорват аз Словения бо ҳисоби 12:0 пирӯз шуд. Баъдан ӯ дар даври чорякниҳоӣ бо Валентин Ҷордан аз Фаронса қувваозмоӣ кард, ки он бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Бо тасмими доварон паҳлавони тоҷик ғолиб дониста шуд. Комроншоҳ дар даври ниманиҳоӣ бар гуштигири Узбакистон Сӯҳроб Остонаев ғалаба карда, ба финал баромад, вале дар даври ниҳоӣ аз варзишгари Русия Павел Румянсев бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд ва мақоми дувумро касб намуд.

Медали 5-уми мунтахаби Тоҷикистонро Нусратшоҳ Имомови 24-сола, донишҷӯи Донишкададаи тарбияи ҷисмонӣ, ба даст овард. Вай дар рақобатҳо оид ба самбо дар вазни то 74 кг баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш – Петро Кузмин аз Украина (4:2) ва Теҷен Теҷенов аз Туркманистон (2:1) дар нимфинал аз гуштигири Русия Уалӣ Куржеев бо ҳисоби 0:14 мағлуб гашт. Баъдан Нусратшоҳ барои ҷойи севум бар Нарантогтох Тсенд-Аюш аз Муғулистон бо ҳисоби 7:0 дастболо шуд.

Вале дар ин мусобиқоти ҷаҳонии донишҷӯён варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, вазнабардорӣ, дзюдо, варзиши сабук, шиноварӣ, гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ ноком шуда, аз медалҳои Универсиада бенасиб монданд.

Дар аввалин Универсиада, ки соли 1959 дар Турини Италия баргузор шуда буд, ба барномаи мусобиқот ҳамагӣ 7 намуд дохил буд. Баъди беш аз 50 сол дар Қазони Русия аз рӯи теъдоди намудҳо рекорд гузошта шуд. Барои аввалин бор дар таърихи Универсида 27 намуди варзиш ба барномаи бозиҳо дохил шуд. 13 намуд ҳатмӣ буд: варзиши сабук, баскетбол, шамшербозӣ, футбол, гимнастикаи варзишӣ, гимнастикаи бадеӣ, дзюдо, шиноварӣ, ҷаҳидан ба об, ватерпол ё тӯббозӣ дар об, тенниси рӯи миз, теннис ва волейбол.


Қазон ба барномаи Универсида теъдоди рекордии намудҳои изофиро пешниҳод кард - 14: бокс, тирандозӣ, шиноварии синхронӣ ё яквақта, қаиқронии академӣ, қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ, самбо, гуштии варзишӣ, гуштии камарбандӣ, шоҳмот, вазнабардорӣ, регбӣ- 7, чавгонбозӣ, бадминтон, волейболи соҳил. 5 намуди варзиш аввалин бор ба барномаи Универсиада дохил шуданд: гуштии камарбандӣ, регбӣ-7, самбо, шиноварии синхронӣ ё яквақта, бокс.

Мусобиқот аз рӯи барномаи Универсиадаи ҷаҳонӣ дар 33 иншооти варзишӣ барпо гардид. Дарвоқеъ, дар чаҳор соли ахир дар Қазон 29 иншооти нави варзишӣ сохта шуд. Барои қабули варзишгарон Деҳаи Универсиада бунёд ёфт, ки аз 28 хонаи истиқоматӣ иборат мебошад. Дар ин ҷо барои зисту фароғати варзишгарони донишҷӯ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Барои баргузории Универсиада дар Қазон аз буҷаи Русия 228 миллиард рубл масраф шудааст. Маблағе, ки барои сохтмони варзишгоҳи Kazan-arena, ки дар он маросимҳои кушодашавӣ ва пӯшидашавии Универсиада баргузор шуданд, тахминан 15,5 миллиард рублро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG