Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандае баррасӣ мешавад, ки ишора ба узвияти ҷавонони тоҷик дар созмонҳои ситезаҷӯ мекунад.

Ҷавони тоҷик, ки дар Ҳазрати Мавлоно, канораи Душанбе, чашм ба гетӣ кушода, дар Осло, пойтахти Норвегия ба воя расида, дар Сурия таҳсил кард, дар Покистон ба ҳалокат расид.

Дилшоди Косонӣ 33 сол дошт ва мехост, дар Афғонистон зидди нерӯҳои НАТО биҷангад. Дар моҳи августи соли гузашта вай ҳамроҳ бо боҷаашу се шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар Вазиристони Шимолӣ кушта шуд.

Номи Дилшод замоне рӯ зад, ки дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе падарарӯси ӯ -- Олим Ғуломов ҳамчун гумонбари «ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷиноӣ» муҳокима мешавад. Тафтишот Ғуломовро ҳамоҳангсози ҷалб ва ба Покистон фиристодани ҷавонон мешуморад, аммо падари Дилшод, шаҳрванди Норвегия, Абдулвоҳид Икромов мегӯяд, Олим Ғуломов дар сафари писари ӯ ба Покистон саҳме надорад: “Дилшоди писари ман дар оилаи мо як шахси тамоман дигар буд. Аз хурдияш Худо ба дили ӯ чизе андохта буд, ки вай ҳамаи моро таълим медоду роҳнамоӣ мекард. Вай дар Донишгоҳи Осло мехонд. Онро партофта, ба Сурия рафт ва таҳсили фиқҳ кард. Охир бача, ки калон шуд, касе ки бошад, чӣ хел пеши роҳи ӯро гирифта мешавад. Як бор мегӯӣ, ду бор мегӯӣ, баъд далел меовард, ки охир то кай мо, мусулмонон, дар шиканҷа зиндагӣ мекунем.”

ДУРАХШИ БАРҚОСОИ ОЗОДӢ

Онҳое, ки Абдулвоҳидро мешиносанд, медонанд, ки ӯ дар солҳои 90-уми садаи гузашта узви Ҳизби Демократи Тоҷикистон ва корманди нашрияи ҳизбии “Адолат” буд. Дар соли 1992 Тоҷикистонро тарк кард ва ду сол дар Маскав зист. Дар ин муддат ному насаби гумшудагон ва дигар хушунатҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро дар китобчае нашр намуд ва барои ин ба Ҷоизаи Байнулмилалии Ҳеллман-Ҳаммет мушарраф гашт.

Дар соли 1994 вай бо аҳли оилааш дар Норвегия паноҳандаи сиёсӣ шуд. Солҳои аввал бисёр азият мекашид ва мегуфт аз афсурдагӣ ва хотираҳои ҷанги Тоҷикистон хобро гум кардааст. Мақомоти Норвегия барояш тамоми шароитро фароҳам оварданд, ки забон омӯзад ва соҳиби касб шавад. Барои ҳамсараш ҳам кор доданд ва кӯдакон бо таҳсил фаро гирифта шуданд. Мутобиқ шудани оила ба фазои нави фарҳангӣ сахт буд ва Абдулвоҳид мегуфт, дар тамоми Норвегия тоҷике несту ӯ гаҳ-гоҳе барои дидору суҳбат бо ҳамватанаш ба Шведсия сафар мекунад. Вай ҳоло осуда аст ва мегӯяд: “Ин ҷо фарқ надорад, тоҷикӣ, покистониӣ, арабӣ, африқоӣ ҳастӣ, ҳама мусулмонем.”

Ҷомеаи мусулмони Осло аз оғоз ба хонаводаи тоҷик кӯмак кард, ки оромиши равонӣ ҳосил кунад, аммо яке аз фарзандони он динро меҳвари зиндагии худ қарор дод. Бо фишорҳои Дилшод падар маҷбур шуд, аз баҳри хонаи калону зебое дар минтақаи хуби Осло гузарад, зеро оила "рибо"-и марбут ба қарзи бонкиро қабул надошт. Ҳамсараш ҳиҷобӣ шуд ва худ низ ба либоси покистонӣ бартарӣ медод ва бо се писараш вақти холияшро дар масҷид мегузаронд.

Дар Донишгоҳи Осло Дилшод аввал узв ва сипас яке аз раҳбарони Иттиҳоди донишҷӯёни мусулмон шуд. Дар торнамои ин созмон номи ӯ ба ҳайси дабири матбуотии иттиҳод то ҳоло боқӣ мондааст. Вай узви маҳфили адабии донишгоҳ низ буд. Дар Норвегия зиёда аз 80 000 мусулмон соҳиби даҳҳо созмонанд, ки ба аксари онҳо ҳукумати ин кишвар ёрии молӣ мерасонад. Ҳамзамон дар ин ҷо чандин гуруҳи тундрав низ мавҷуд аст, ки бо шабакаҳои фаромиллӣ дар тамосанд.

АРӮС АЗ ТОҶИКИСТОН

Баъд аз истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон Дилшод борҳо ба ватан сафар кард ва дар ин ҷо Нодира -- духтари Олим Ғуломовро, ки яке аз ҳамдеҳагони падараш буд, ба занӣ гирифт. Оилаи нав чанде дар Норвегия ба сар бурд ва сипас ба Туркия кӯчид. Падару модари арӯс ва хешони дигари ӯ низ ба ин кишвар омаданд ва дар ин ҷо кор мекарданд. Дилшод, ки бо тиҷорат машғул буд, дар ин байн соҳиби чаҳор фарзанд шуд ва дар соли 2012 ҳамсару тифлонашро бо худ ба Покистон бурд. Боҷаи ӯ Равшан Нуриддинов як ҳафта пештар бо ҳамсар ва тифли навзодаш роҳии Эрону Покистон шуда буд. Ду боҷа тасмими ҷиддие гирифта буданд ва ҳамаи пайвандони дигар мегӯянд, аз ин тасмим хабар надоштанд.

Абдулвоҳид Икромов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писараш зиндагии мустақилона дошт ва агар падар тавонист, чандин сол пеш борҳо ӯро аз сафари Чеченистону ҷангидан барои ғояҳои худ нигоҳ дорад, ин бор бехабар монд, ки Дилшод ба Покистон рафтааст. Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, ҷавонони ботақво ба ҳарфи падару модар арҷ мегузоранд ва дар ҳар амал бояд ризоияти онҳоро ба даст оранд.

Пас аз хабари ҳалокати тоҷикон дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар Вазиристон, Абдулвоҳид ҳамроҳ бо Ойиша Эгамбердиева, модарарӯси Дилшод ба Покистон сафар кард, то арӯсони акнун бевамонда ва набераҳои ятимашро ба Норвегия бозгардонад. Онҳо аз Покистон вориди Эрон шуданд ва азбаски мушкили аснод ба миён афтод, Олим Ғуломовро ба кӯмак хостанд. Дар Теҳрон Ғуломов дар ивази шиносномаи гумшудаи духтараш аз сафорати Тоҷикистон санад гирифт ва оила рӯзи 2-юми феврали соли равон ба ватан баргашта, 8-уми феврал Ғуломов боздошт шуд. Икромов мегӯяд, агар қудои ӯ ҳамдасти гуруҳҳои террористӣ мебуд, “на ба сафорат рӯ меовард ва на ба Тоҷикистон бармегашт.”

ДАЛЕЛҲОИ ДУ ҶОНИБ

Муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Рустамҷон Мирзоев тасдиқ кард, ки Олим Ғуломов бино бар банди 187 қисми 2-и қонуни ҷазо гумонбаршудаи ёрӣ ба гуруҳи ҷиноӣ дониста мешавад. Далели тафтишот ин аст, ки Ғуломов бо дархости домодаш Дилшоди Косонӣ амаки ӯ Аҳадхон Икромовро аз Краснодари Русия ба Туркия даъват кардааст, то барои ҷиҳод ба Покистон фиристад. Аммо Бобохон Ёқубов вакили мудофеи Ғуломов мегӯяд, аслан зарурати чунин даъват ва мусоидат ба сафари Аҳадхон вуҷуд надошт, зеро дар навори видеоӣ дида мешавад, ки вай худ дар расми гусели Дилшод дар Туркия ҳузур дошт. Адвокат мутмаин аст, ки Ғуломов ҳамчун падари ду духтаре, ки шавҳар ва зиндагонии худро доранд, “қурбонии вазъият” шудааст.

Ҳоло бояд афзуд, ки Олим Ғуломов узви Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аст ва бино бар хабари “Тоҷнюс”, сарони ҳизб ин нуктаро тасдиқ кардаанд. Ва нуктаи дигар ин аст, ки айбдоршаванда “гуноҳро ба гардан” гирифтааст. Вакили мудофеъ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон мутмаин аст, ки маҳз худи Ғуломов дар ҳамкорӣ бо Ҳаракати Исломии Туркистон домодҳояшро барои ҷиҳод ба Покистон фиристодааст. Ёқубов илова кард, ки иқрори Ғуломов зери шиканҷа ба даст омадааст ва додгоҳ набояд онро далел бишуморад. Вай ҳамчунин додгоҳро дар пешдоварӣ ва тамоюли якҷониба муттаҳам мекунад. Аммо довари парванда дар додгоҳ Хусрав Раҳимов мегӯяд, қазияро бетарафона баррасӣ дорад ва мурофиа низ барои ҳамаи хоҳишмандон боз аст.

Дар ин байн хоҳари Дилшод, ки дар Донишгоҳи тиббии Осло бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунад ва орзу дорад, пизишк шавад, ҳанӯз огоҳ нест, ки бародари дӯстдоштааш дар Покистон кушта шудааст. Абдулвоҳид Икромов бо ҳар роҳ талош мекунад, ин хабар ба гӯши ӯ нарасад. Аммо дар бобати он ки оё пушаймон нест, имкон дод, фарзандаш ба ин роҳ равад ва ба чунин пайомад печад, мегӯяд: “Даҳонам пури хун, аммо ақидаи як инсонро чӣ гуна мешавад дигар кард. Даступояшро намебандӣ ку! Ман ягон зарра пушаймон нестам. Дар ин замоне ки ҳамаи давлатҳои мусулмонӣ дар зери шиканҷаанд, боз чӣ хел ақидаи дигар доштан мумкин аст? Барои чӣ ман мебоист ӯро бармегардондам?”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG