Пайвандҳои дастрасӣ

Сохтмони фурудгоҳи Данғара қатъ шудааст


Сохтмони фурудгоҳи байналмилалии Данғара бинобар камбуди маблағ қатъ шудааст. Шашсад ҳазор сомоние, ки барои идомаи корҳои сохтмонии ин фурудгоҳ дар авоили соли ҷорӣ ҷудо гардида буд, то ҳамин моҳ басанда будааст. Маҳмадулло Саидалиев, раиси ноҳияи Данғара мегӯяд, сохтмони ин фурудгоҳро Вазорати нақлёти кишвар ба ӯҳда гирифтааст ва ҳукумати маҳаллӣ танҳо рафти корҳои сохтмониро назорат мекунад: "Дигар аз нимсола маблағ ҷудо накарданд. Дар нақша аст, ки фурудгоҳи калон ва ба талабот ҷавобгӯ сохта шавад, то ҳавопаймоҳои бузурги борбар низ нишаста тавонанд. Фикр мекунам, ки барои ҳамин ҳоло нақшакашӣ шуда истодааст."

Ба гуфтаи ӯ, барои пурра ба анҷом расонидани сохтмони фурудгоҳи Данғара 56 миллион доллар зарур аст. Ин фурудгоҳ дар майдони беш аз сад гектар замин сохта мешавад ва парвозро ба мамолики хориҷ таъмин хоҳад кард. Фурудгоҳҳои байналмилалӣ аслан дар шаҳрҳои дорои аҳамияти муҳим сохта мешаванд. Аммо сохтмони ин иншоот дар минтақаи Данғара, ки дар фосилаи 150 километр аз пойтахти кишвар ҷойгир шудааст, аз назари бисёр шаҳрвандон аҷиб ба назар мерасад. Данғара зодгоҳи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бархе аз мақомоти калидии кишвар аст, ки дар солҳои ахир роҳҳову хиёбонҳои маркази он комилан азнавсозӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG