Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости додгоҳи Кӯлоб аз мақомоти Афғонистон


Додгоҳи Кӯлоб барои боздошти ду шаҳрванди Афғонистон ба мақомоти ин кишвар дархост фиристодааст. Содиқҷон Раҳмонов, намояндаи Оҷонсии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ин ду нафар дар интиқоли 52 килограм маводи мухаддир ва шомил будан ба як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, ки иборат аз шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон мебошанд, гумонбар дониста мешаванд. Дархости боздошти ду шаҳрванди Афғонистон дар ҳоле сурат мегирад, ки ба гуфтаи Раҳмонов, моҳи феврали соли равон Оҷонсӣ ду шаҳрванди Афғонистон ва чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро барои интиқоли маводи мухаддир боздошт карда буд ва дар додгоҳ онҳо иқрор шудаанд, ки ду нафар аз ҳамроҳашон дар он сӯи рӯдхонаи Панҷ паноҳ бурдаанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Раҳмонов, «ба наздики додгоҳи шаҳри Душанбе ду шаҳрванди Афғонистонро ба 15 солии зиндон маҳкум кард. Шаҳрвандони Тоҷикистон барои шарикӣ дар ҷиноят, яке 1,5 сол ва дигаре як сол бо ҳукми додгоҳи Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ ҳабс шуданд. Як нафари дигарро додгоҳи минтақа 17 сол ҳукм кард. Инҳо ҳама аъзои як шабакаи ҷиноятӣ буданд, ки дар интиқоли маводи мухаддир даст доштанд.»

Ҳоло ба гуфтаи ин манбаъ, ду аъзои боқимондаи ин гурӯҳ, ки дар хоки Афғонистон қарор доранд, афсарони иртиботии Оҷонсӣ дар Афғонистон бо мақомоти интизомии ин кишвар ҷустуҷӯ мекунанд. Дар сурати боздошт далелҳои гумонбарии онҳо ирсол мешавад ва додгоҳи Афғонистон нисбат ба онҳо ҳукми худро содир мекунанд.
XS
SM
MD
LG