Пайвандҳои дастрасӣ

Яке аз раҳбарони Ал Қоида дар Яман кушта шудааст


Бахши Ал Қоида дар кишварҳои арабӣ таъйид кард, ки муовини раиси ин бахш дар Яман дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин кушта шудааст. Иброҳим Рубайш-як мақоми баландпояи ин бахши Ал Қоида дар навори видеоие, ки рӯзи чаҳоршанбе дар интернет гузошта шуд, мегӯяд, ки Саид Шеҳрӣ, ки бо номи Абу Суфиён Аздӣ низ машҳур аст, кушта шудааст, вале дар ин изҳорот гуфта намешавад, ки ин куштор кай анҷом гирифтааст.

Мақомоти расмии ҳукумати Яман борҳо эълон карда буданд, ки Шеҳрӣ кушта шудааст. Бори ахир ин хабарро моҳи январ пахш карда буданд.

Низомиёни Амрико Шеҳриро аз боздоштгоҳи Гуантанамои Куба соли 2007 раҳо карда буданд ва вай барномаи эҳёро дар Арабистони Саъудӣ сипарӣ кард. Баъд аз хатми ин барнома вай ғайб зад ва баъдтар чун яке аз раҳбарони Ал Қоида дар Яман падидор шуд.
XS
SM
MD
LG