Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазир маҳорати кормандонашро нокофӣ хонд


Вазири умури дохилии Тоҷикистон ошкор нашудани бархе ҷиноятҳои сангинро боиси изтироб хонд ва онро ба нокофи будани маҳорати корманди пулис рабт дод. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи сешанбе дар нишасти мушовараи ин ниҳод, махсусан бо назардошти фош нагаштани ҳодисаҳои нопадид шудани ду духтарча дар шаҳри Душанбе, оташсӯзии «Корвон», куштори ваҳшиёнаи як хонавода дар ноҳияи Бобоҷн Ғафӯров, ба нокофӣ будани маҳорати касбии кормандони умури дохила таъкид кардааст. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 17-уми июл ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар нишасти мушовараи Вазорат фаъолияти 6 моҳаи вазорат ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт ва дар масъалаи ҳодисаҳое, ки то ҳол фош карда нашудаанд таъкид кард, ки агар ин воқеаҳо ошкор карда нашаванд, масъулони ниҳодҳои дахлдор муҷозот хоҳанд шуд

Рамазон Раҳимов аз ҷумла гуфтааст, ки аз сабаби нокофӣ будани маҳорати ҷустҷуӣ фаврии кормандон, махсусан надонистани вазъи ҷиноии манотиқе, ки кушторҳо ва ҷиноятҳои сангин рух додаанд ва боиси изтироб ва нигаронии мардум гардидаанд, ба мисли сӯхтори бозори “Корвон” ва гум шудани ду духтарчаи ноболиғ дар шаҳри Душанбе, куштори ваҳшиёнаи як оила дар ноҳияи Б.Ғафуров, куштори корманди хадамоти давлатии “Муҳофиз” дар ноҳияи Файзобод, ки то ҳол ошкор карда нашудаанд. Аз ҳодисаи нопадиди шудани Сабина ва Малика беш аз се моҳ мегузарад, аз воқеаи куштори як хонавода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз як моҳ мегузарад, аммо то ҳол мақомоти вазорати корҳои дохила дар ошкор кардани онҳо мувафақ нашудаанд.
XS
SM
MD
LG