Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин муносиботи Русияву Амрикоро аз Сноуден волотар медонад


Владимир Путин

Владимир Путин

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия ба рӯзноманигорон гуфт, ки муносиботи Русияву Амрико нисбат ба “доду бедоди хадамоти кашф” муҳим аст. Путин ин суханонро рӯзи чаҳоршанбе роҷеъ ба ташаннуҷи муносибот бо Амрико дар робита бо Эдвард Сноуден-корманди пешини Ожонси Амнияти Миллии Амрико изҳор дошт.

Путин гуфт, ки вай бештар фикрашро ба роҳҳои густариши муносибот бо Амрико равона кардааст ва ба ваъдаҳое, ки ба Сновден имкон дода нашавад, то ба муносиботи миёни Маскаву Вашингтон зарар расонад.

“Мо ба ҷаноби Сноуден ҳушдор додаем, ки ҳар гуна фаъолият аз ҷониби вай, ки метавонад ба муносиботи Русияву Амрико зарар мерасонад, ғайриқобили қабул аст”.

Сновден аз 23 июн то ҳол дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав ба сар мебарад ва аз Русия паноҳандагӣ хостааст.

Рӯзи сешанбе Ҷей Карнӣ-сухангӯи Кохи Сафед бори дигар мавзеъгирии Вашингтонро таъкид кард ва гуфт, Сноуден бояд ба Амрико супурда шавад ва ба ҷазои аъмолаш бирасад.
XS
SM
MD
LG