Пайвандҳои дастрасӣ

СММ шеваи нави ҳалли баҳси Роғунро пайдо кардааст


Бонки Ҷаҳонӣ ташхиси тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистонро ба поён мерасонад ва Созмони Милали Муттаҳид механизми нави ҳуқуқии истифода аз захираҳои оби Осиёи Марказиро омода кардааст. Дар ин бора Мирослав Йенча, раҳбари Маркази минтақаии дипломатияи пешгирикунандаи СММ дар Осиёи Марказӣ рӯзи душанбе ба Шӯрои Амнияти СММ гузориш дод. Дар ҳоли ҳозир СММ ин механизмро бо ҳукумати кишварҳое чун Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон ҳамоҳанг карда ва машваратҳо идома доранд. Қарор аст, дар оянда Афғонистон низ ба ин чаҳорчӯб ҷалб карда шавад. Ҷаноби Йенча афзуд: “Ин механизм, аз як тараф ба қатъномаҳои байнулмилалӣ такия карда, аз тарафи дигар вижагиҳои минтақаи Осиёи Марказиро дар назар гирифтааст. Дар он роҳи мушаххаси ҳалли баҳсҳо пешниҳод шудааст. Бархӯрди нави мо ба масъала низ дар ҳамин аст.” Раҳбари Маркази минтақаии дипломатияи пешгирикунандаи СММ дар Осиёи Марказӣ гуфт, кишварҳои минтақа акнун бояд гуфтушунидро дар заминаи ин механизми нав оғоз кунанд, зеро он барои минтақа ҳаётан муҳим аст. Шӯрои Амнияти СММ гузориши Мирослав Йенчаро баррасӣ ва тасвиб кард.
XS
SM
MD
LG