Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз Универсиадаи ҷаҳонии тобистона дар Қазон хотима меёбад


Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона дар Қазони Русия имрӯз, 17-уми июл, ба анҷом мерасад.

Дар рӯзи охирини Универсиада варзишгарон дар 4 намуд – ватерпол ё тӯббозӣ дар об, шиноварӣ, регбӣ-7 ва тирандозӣ рақобат мекунанд. Шоми чоршанбе маросими пӯшидашавии Универсиада дар шаҳри Қазон, дар Варзишгоҳи нави Kazan-Arena барпо мегардад.

Дар Универсиадаи ҷаҳонӣ аз 351 маҷмӯи медалҳо 342 маҷмӯи медалҳо ба соҳибонашон супурда шуданд. Дар 11 рӯзи мусобиқот варзишгарони 69 кишвар соҳибони медалҳо шуда, намояндагони 42 кишвар ба унвони қаҳрамони Универсиадаи Қазон-2013 даст ёфтаанд.

Мунтахаби Русия бо касби 285 медал (151 тилло, 72 нуқра ва 62 биринҷӣ) дар ҷойи аввал мебошад. Ҷопон (24+28+32) дар ҷойи дувум ва Чин (24+27+22) дар ҷойи севум қарор доранд. Дар байни 10 дастаи пешсаф, инчунин, Кореяи Ҷанубӣ (17+12+11), Беларус (13+13+14), Украина (12+29+36), ИМА (10+14+15), Африқои Ҷанубӣ (7+3+4), Австралия (6+4+6) ва Литва (6+1+3) ҷойгир шудаанд.

Бояд гуфт, ки мунтахаби Тоҷикистон барои аввалин бор дар Универсиадаи ҷаҳонӣ бо ҳайати бузург, минҷумла ҳудуди 50 варзишгар, дар 9 риштаи варзиш ширкат кард. Тоҷикистон дар байни 69 кишваре, ки то ҳоло соҳибони медалҳо гардидаанд, бо 5 медал (2 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар мақоми 44-ум ва миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қазоқистон, Узбакистон , Туркманистон ва Қирғизистон дар мақоми аз ҳама поён қарор гирифтааст.

Тоҷикистон дар байни 15 кишвари собиқи шӯравӣ дар ҷойи 12-ум буда, аз Гурҷистон, Латвия ва Эстония пеш мебошад. Мавқеи кишварҳои собиқи шӯравӣ дар ҳисоби умумидастаӣ баъди натиҷагирии 11 рӯзи мусобиқот чунин аст: 1. Русия (151+72+62). 5. Беларус (13+13+14). 6.Украина (12+29+36), 10. Литва (6+1+3). 15. Озарбойҷон (4+5+7). 18. Қазоқистон (3+11+16). 22. Узбакистон (2+7+10). 25.Туркманистон (2+3+9). 26. Қирғизистон (2+2+8). 32. Арманистон (1+5+4). 43. Молдова (0+2+11). 44. Тоҷикистон (0+2+3). 48. Гурҷистон (0+1+2). 48. Латвия (0+1+2). 62. Эстония (0+0+1).

Ёдовар мешавем, ки аз 5 медали мунтахаби Тоҷикистон 4-тоашро донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар мусобиқоти гуштии камарбандӣ (1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ва самбо (1 нуқра) соҳиб шуданд.

Абдуазим Бойназарови 20-сола дар гуштии камарбандӣ дар рақобатҳо дар вазни то 68 кг бо услуби озод миёни мардон барандаи медали нуқра гардид. Дар ин навъи рақобатҳо дар вазни то 62 кг байни мардон гуштигири дигари тоҷик Ибодулло Алибердизодаи 21-сола бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Гуландом Қаробоева, ки 22-юми сентябр 20-сола мешавад, дар сабқати занон дар рақобатҳо дар вазни то 76 кг бо услуби озод бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Комроншоҳи Устопириёни 20-сола дар риштаи самбо дар рақобатҳо дар вазни то 90 кг бо медали нуқра сарфароз гашт. Вай дар даври 1/16 ниҳоӣ бар рақибаш Нико Ҳорват аз Словения бо ҳисоби 12:0 пирӯз шуд. Баъдан ӯ дар даври чорякниҳоӣ бо Валентин Ҷордан аз Фаронса қувваозмоӣ кард, ки он бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Бо тасмими доварон паҳлавони тоҷик ғолиб дониста шуд. Комроншоҳ дар даври ниманиҳоӣ бар гуштигири Узбакистон Сӯҳроб Остонаев ғалаба карда, ба финал баромад, вале дар даври ниҳоӣ аз варзишгари Русия Павел Румянсев бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд ва мақоми дувумро касб намуд.

Медали 5-уми мунтахаби Тоҷикистонро Нусратшоҳ Имомови 24-сола, донишҷӯи Донишкададаи тарбияи ҷисмонӣ, ба даст овардааст. Вай дар рақобатҳо оид ба самбо дар вазни то 74 кг баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш – Петро Кузмин аз Украина (4:2) ва Теҷен Теҷенов аз Туркманистон (2:1) дар нимфинал аз гуштигири Русия Уалӣ Куржеев бо ҳисоби 0:14 мағлуб гашт. Баъдан Нусратшоҳ барои ҷойи севум бар Нарантогтох Тсенд-Аюш аз Муғулистон бо ҳисоби 7:0 дастболо шуд.

Вале дар ин мусобиқоти ҷаҳонии донишҷӯён варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, вазнабардорӣ, дзюдо, варзиши сабук, шиноварӣ, гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ ноком шуда, аз медалҳои Универсиада маҳрум гаштанд.
XS
SM
MD
LG