Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати муваққати Миср савганд ёд кард


Вазирони ҳукумати муваққати Миср рӯзи сешанбе дар ҳузури раисиҷумҳур Адлӣ Мансур савганд ёд карданд. Ин аввалин ҳукумати таҳти раёсати нахуствазир Ҳозем ал-Бабловӣ баъд аз барканории раисиҷумҳури собиқ Муҳаммад Мурсӣ аз сӯи низомиён дар ду ҳафтаи пеш аст.

Маросими савгандёдкунӣ дар ҳоле гузашт, ки дар Қоҳира намоишҳои эътирозии ҷонибдорони Мурсӣ идома доштанд.

Абдулфаттоҳ ал-Сисӣ, ки муаллифи тарҳи барканории Муҳаммад Мурсӣ маҳсуб мешавад, ба ҳайси муовини аввали нахуствазир ва вазири дифоъ савганд ёд кард. Курсии вазири умури хориҷиро Нобил Фаҳмӣ, сафири пешини Миср дар ИМА, ишғол намуд. Вазири умури дохилӣ Муҳаммад Иброҳим мақоми худро дар ҳукумати нав ҳифз намуд, ҳарчанд аҳзоби мухолифи Мурсӣ истеъфои ӯро талаб карда буданд. Шариф Исмоил, раиси ширкати давлатии нафтии Ganope муваққатан дар курсии вазири саноати нафт нишаст. Сиёсатмадори либероли масеҳӣ Мунир Фахрӣ Абдул Нур ба вазорати тиҷорат ва саноат сарварӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG